Аз бозии Хуҷанд ва Вахш


Муаллиф: Бахтиёр Файзуллоев

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки вохўрии Хуҷанд ва Вахш бе дағалӣ нагузарад. Шояд ин яке аз сабабҳои дар варзишгоҳи Спартак гузаронидани бозӣ буд (нимшўхию нимҷиддӣ).

Ба ҳар ҳол мухлиси зиёд ҷамъ шуда буд.

Оғози бозиро тасвир карда наметавонам, чун лаҳзае вориди варзишгоҳ шудаму саргарми ҷойкобӣ будам Пирмурод тўбро вориди дарвозаи Вахш намуд.

Баъди задани гол Хуҷанд фишорашро паст накард. Вахш низ ба қафо намешишт. Аммо нимаи аввали қисми якуми бозӣ ҳимоятгарони Вахшро ҳарос фаро гирифта буд, магар вақти тўбро аз майдончаи ҷаримавӣ берун сохтан тахминӣ ба пеш мезаданд. Дар натиҷа ҳуҷуми Хуҷанд идома меёфт. Аммо ҳамин ки нимаи аввали қисми якум паси сар шуд муҳофизони Вахш низ ба худ омада дигар ба ин хатогӣ роҳ намедодагӣ шуданд.

Бозӣ қариб ки баробар буд. Ба ҳуҷуми як рўд дигаре ҷавоби мувофиқ медод. Бедағалӣ гузаштани бозӣ футболбозонро як қадар нороҳат мекард, ин буд, ки ба дағалбозӣ дарвозабони Вахш ҳусни оғоз бахшид. Вақте муҳоҷими соҳибони майдон бо тамоми ҷидду ҷаҳд ба задани тўб наздик буд дарвозабон бо чолокӣ тўбро дошта гирифт, аммо барқасдона бо оринҷаш муҳоҷимро зада афтонд. Довар бея гон дудилагӣ ба дарвозабон корти зардро нишон дод. Дарвозабони Хуҷанд низ талоши корти зардро кард. Аммо ў на барои дағалӣ балки барои кашшол додани вақт соҳибкорт шуд. То анҷоми қисми аввали бозӣ андаке вақт монда буд. Дарвозабон барои тезтар гузаронидани саъйу кўшиш кард ва ниҳоят ба корти зард бархўрд.

Ҳамин тариқ то анҷоми бозӣ боз чанд маротибаи дигар меҳмонону мизбонон ба дағалбозӣ гузаштанд ва бархе аз онҳо аз тарафи довар огоҳонида шуданд. Бар замми ин довар ҳатто метавонист барои симулятсия ва оҳувоҳи дурўғин чанд нафареро аз ду тараф аз майдон ронад.

Бармегардем ба Хуҷанд. Дигаргуниҳо хеле зиёд шудаанд. Якум, Хуҷанд масъалаи дарвозабонро бо пуррагӣ ҳал кард. Ба ин масъала нуқтаи калони равғанин гузошта шуд. Аммо дар хатти дифоъ ҳанўз норасоиҳо мушоҳида мешаванд. Хатти ҳуҷум низ хеле пурқувват гардидааст. Ба бозигарони ҷавони Хуҷанд зарур аст аз Пир ва Индус ҳарчӣ зиёдтар дарс гиранд. Нафаҳмидани якдигар Хуҷандро аз голҳо бенасиб гардонд.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s