Муаллиф: Бахтиёр Файзуллоев

Ана расидем… Парвоз дар майдони худ ҳисоби Хайрро ёфт!

Гӯё ба ҳукми анъана даромада бошад, дар ин ду бозие, ки ба тамошояш рафтам ҳисоби бозӣ тақрибан як хел кушода шуд. Вориди варзишгоҳ шуда, дар пайи ҷустуҷӯи ҷои қулайи нишаст мешавам, ки соҳибони майдон ҳисобро боз мекунанд. Ва айнан ба мисли голи ба дарвозаи Вахш задаи Хуҷанд, ҳуҷуми соҳибони майдон аз канори рост сурат мегирад, партофти хуб ба майдончаи ҷаримавӣ ва касе аз соҳибони майдон тӯбро вориди дарвозаи меҳмон мекунад. Айнан ҳаминтавр аз «неразбериха»-и муҳофизони Хайр истифода бурда, парвозӣ ҳисобро боз мекунад. Чанд лаҳза гузашта буд, ки боз ҳамон канори рости Парвоз фаъолона пеш рафт ва бад он минвол дарвозаи Хайр нишон гирифт. Вале ин даъфа дарвозабон дар ҷояш буд. Аз ин пештар бозигари №23-и ҳавопаймоён низ аз ҳамон канори рост як партоби хуб ба майдончаи ҷаримавӣ мекунад, аммо муҳоҷим аз он дуруст истифода бурда наметавонад. ЛАҳзае баъд зарбаи ҷаримавӣ тақрибан аз масофаи 20-25 метр задаи Парвоз каме болотар аз болочӯби дарвоза мегузарад
Вале лаҳзаи дигар бозигари таҳти рақами 10 Парвоз як голи зебое ба дарвозаи Хайр зад. Аз дур бо зарбаи олии гирифтанашаванда кунҷи рости дарвозаи ҳарифро ҳадафи худ кард. Ҷаҳиши дарвозабон суде наовард. 2-0

Қисми авали бозӣ муҳофизи №2 Парвоз суст бозӣ мекард. Аз хатогии ӯ истифода бурда Мирзобек Мирзоев – муҳоҷими Хайр фарқи ҳисобро кам кард. Аз ин гол Хайр сахт рӯҳбаланд шуда, ба ҳусни бозӣ ранги дигар бахшид. Соҳибони майдонро дар нимаи майдони онҳо прессинг мекард. Муддате ҳарду даста бозии зебо нишон доданд. Онҳо партофтҳои кӯтоҳу якрасишро истифода мекарданд. Бачаҳои Хайр саҳеҳтар буданд, вале парвозиҳо фаъолтар.

Спектакл

Тақрибан нимаҳои қисми аввали вохӯрӣ ваҳдатие русбаччаи ҳавопайморо дар канори рости нимаи майдони худ, наздикии ситоди Хайр зада аз по афтонд. Ба сифати подоши амали хеш аз довар корти сурх инъом дид.

Ин амал боиси дар шӯриши ситоди Хайр гардид. Аз ҳама беш духтури ситоди Хайр корнамоӣ нишон медод. Сароғоз ӯ ба довари канорӣ дарафтод. Баъди ғалаба ба даст овардан вай ба сӯи довари асосӣ ҳамла карда, ду се лагад фаровард. Намедонам, кадоме аз онҳо ба нишон расида буд ё на, ба ҳар ҳол спектакл ХЕЛЕ «ҷолиб» буд. Намоиш мухлисонро ба шавқ ва … шӯр овард. Агар нафаре корнамоии ӯро бо завқ тамошо карда мадҳу ситоиш намояд дигарӣ зери тозиёнаи танқид мегирифт. Аз ҷумла як нафар мухлисро кормандони ҳифзи ҳуқуқ маҷбур шуданд аз варзишгоҳ пеш кунанд. Бино ба гуфти мухлисон ӯро ё барои ҳаққорати қабеҳ додан ё баклажка партофтан аз тамошои бозӣ дисквалификация карданд. Ба ҳар ҳол бисёр хуб карданд. Агар ба болои ин боз як ду «дубинка» мезаданд нуран алонур мешуд…
Кашмакашӣ дар майдон дар ҷӯш буд. Милисаҳо маҷбур шуданд ба вазъияти дар майдон баамаломада дахолат намоянд.

Аммо мутаассифона ба майдон генерале омада, вазъиятро нейтрал кард. Ин ба фикрам Рӯзиев буд. Воқеан, ӯ метавонад публикаро ба зудӣ ором кунад. Ёд дорам, боре тими «Олими Каримзод», ки барои баромадан ба Лигаи олӣ бо Эсхата мубориза мебурд, дар ш.Хуҷанд мухлисони мастчоҳӣ ба бетартибӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида буданд. Аммо генерал бо осонӣ вазъиятро ором намуд.

Ҳамин тариқ тақрибан баъди 5-6 дақиқа шӯриши Хайр фурӯ шинонида, ё бо ибораи дигар «пахш» карда шуд.

Анакнун Хайр 10 каса монд. Ситоди Хайр ба ҷойгиршавии муҳорибонаш тағйирот даровард. То ин дам дар хатти пеш ду нафар ҳунарнамоӣ мекарданд якеаш ба қафо кашида шуд. Хатти пеш ба Мирзобек Мирзоев боварӣ карда шуд.

То анҷоми аввали бозӣ Хайр дигар онқадар ба пеш намешитофт ва муҳоҷими ягонаи худ – Мирзоевро бо партобҳои баланд ба пеш мебаровард. Муҳофизони Парвоз бошад дигар ба хатоӣ роҳ медодагӣ набуданд.
То анҷоми қисми аввал якчанд дақиқа монда буд. Парвоз тӯбро дар нимаи майдони ҳариф нигоҳ дошта ҳуҷуми доманадор ташкил кард. Самараи ҳуҷумаш задани зарбаи кунҷӣ шуд. Баъди иҷрои зарбаи кунҷи дарвозабони Хайр дарвозаашро аз голи ҳақиқӣ эмин дошт. Тӯби сахт задаи ҳарифро бо як даст баргардонда аз майдон берун сохт.

Бо ҳамин қисмати аввал хотима ёфт.

Дар танаффус аз мухлисони наздики муноқиша чӣ шудани воқеаро пурсидам, мухлисони Хайр, ки як рӯз пештар аз н.Ваҳдат омада буданд (аҳсан!!!), иброз доштанд, ки дар ҳақиқат қоидаи бозӣ вайрон шуда буд, аммо барои он нишон додани корти сурх ҳҷ зарурате надошта буд, гӯё бархӯрд дар ҳолати бозӣ на барқасд…

Дар қисми дуюми бозӣ Парвоз ҳуҷумашро беш аз пеш пурзӯр намуд. Муҳофизи №2-и Парвоз дар танаффус аз Турақулов танбеҳи сахт гирифт магар дигар ба хатогиҳо роҳ нмедод. Қисми диюми бозӣ сустии майманаи Хайрро баръало намоён кард. Парвоз ин канори хатти дифоъи Хайрро зуд-зуд рахна менамуд. Ҳамин тариқ яке аз ҳуҷумҳои навбатии ҳавопаймоён интиҳои мантиқии худро ёфт. Ҳамон канори чапи хатти дифоъ муқовимат нишон дода натавонист, ки тӯб аз он ҷо ба майдончаи ҷаримавӣ расид ва Мансур бо сараш вориди дарвозаи Хайр кард. 3-1.

Тақрибан аз дақиқаҳои 55 бозӣ Парвоз ҳуҷуми доманадори худро пеш гирифт. То анҷоми ин ҳуҷум муҳофизони Хайр хеле асабӣ мешуданд. Ин мавҷи ҳуҷуми соҳибони майдон 2 зарбаи кунҷӣ ва ҳамин қадар зарбаи ҷаримавиро овард. Аммо аз ин стандартҳо ҳавопаймоён ба қадри кофӣ истифода карда натавонистанд.

Баъди истодагарӣ Хайр тавонист бозиро аз назди дарвозааш дур карда, ба ҳуҷум гузарад. Дар яке аз ҳуҷуми Хайрро бозигари 17-и мизбонон каме дуртар аз майдончаи ҷаримавии худ қоидаи бозиро вайрон кард. Аммо зарбаи тахминан аз 25 м задаи ваҳдатӣ каме болотар аз болочӯби дарвоза гузашта майдонро тарк намуд. Хайр бо кам будани сафи худ нигоҳ накарда ба пеш мегузашт. Ин буд ки яке аз муҳоҷимони меҳмонон бо сараш тӯби зебоеро ба тӯри дарвозаи соҳибони майдон ворид сонхт, афсӯс… афсӯс, ки довар онро ҳисоб накард – офсайд.

Аммо дақиқае нагузашт, ки дарвозабони Парвоз ба меҳмонон як гол дод. Аниқтараш тӯбро дуруст дар дасташ дошта натавонист, ки тӯби доштааш аз дасташ хато шуда ба паҳлӯчӯби дарвоза бархӯрд ва вориди дарвоза шуд. Аз рӯи инсоф гӯем, ба вай якбора ду муҳоҷими Хайр бо ҳайбатаи худ фишор оварданд, ки дар натиҷа ӯ ба саросемагӣ роҳ дод. 3-2 Интрига зинда шуд!

Аммо ин гол ҳавопаймоёнро як зарра рӯҳафтода накард. Парвоз, ки ҷои сусти Хайрро медонист ба ҳузур истифода карда, баъди як комбинатсияи зебо тӯби чаҳорумро ба дарвозаи ҳариф зад.

Ислоҳҳои даровардаи мураббии Хайр дигар сурати бозиро тағйир дода наметавонистанд.

Соҳибони майдон бошанд боз як бетартибии хатти дифоъи Хайрро дуруст истифода карданд. Ин даъфа Парвоз майсараи Хайрро рахна сохт. Дарвозабони Хайр ба хатогии дағал роҳ дод. Дар ҳоле ки ҳимоятгар бо муҳоҷими ҳариф мубориза мебурд дарвозабон аз майдончаи дарвоза берун рафт ва дар охир муҳоҷиме аз ҳавопаймоён тӯбро аз болои ӯ ба дарвоза партофт. Чи голи зебое аммо барои Хайр басо нозеб… 5-2

ПИСИ: Дар ин муддат ду тайёра фуруд омаданд. Примета?

Advertisements