ЕВРООООООООООООО оғоз ШУДДДДДДДДДДД


Махсус барои “Футболи Тоҷикистон” – Умеда Бобоҷонова аз шаҳри Варшава

Саломи гарму чӯшон аз Варсов дӯстони азиз! 

Чи хеле, ки ҳама огаҳем, дар Варсов пойтахти давлати Лахистон (Полша) санаи 08.06.2012 Чемпионати Аврупо оид ба Футбол (Чемпионат дар ду давлат Лаҳистон ва Украина гузаронида мешавад), бозие, ки умуҷаҳони гӯем ҳам хато нахоҳем кард оғоз шуд, ин бозиҳо дар Лаҳистон, дар чаҳор шаҳрҳои зебо ва пешрафта, ки ин: Варсов, Познан, Вротслав , Гданск мебошад ва дар Украина низ дар чаҳор шаҳр ин: Киев, Донетск, Лвов ва Харков мебошад гузаронида мешавад. Умуман тайерӣ ба ин ҷашни варзишӣ тӯли 4 соли охир хеле фаъол сурат гирифт, ҳам мутасаддиёни кумитаи тадорукоти Чемпионат ва ҳам дар мачмӯъ Ҳукумати Лаҳистон, тавонистанд, дар ин марҳила ҳаматарафа омадагии хубро нишон диҳанд. Тамоми ҷойҳои оммавӣ, кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, ҷойҳои фароғативу маишӣ бо тамоми рамзу нишонаҳо ва овезаҳову постерҳо, парчаму аломатҳои Чемпионати Аврупо ва Мамлакатҳои ширкаткунанда оро дода шудаанд. Лаҳистониҳои қаторӣ бошанд, албатта хонаву ҳавлӣ ва тамоми наҳлиёти худро бо нишони давлатии худ зеб доданд, ки ин амал боз як бори дигар аз ватандӯстиву ватанпарастии онҳо шаҳодат медиҳад.

2 ҳафтаи охир тамоми мардум, бозингарон, мухлисон, ҳакамон ва ғайра дар тараддуди пешвози ин чорабинии таърихӣ ва хотирмон буданд. Тақрибан 1 ҳафта пеш бошад ҳамаи шахсони бевоситаву бавосита алоқаманд бо ин Чемпионат ҳозири Лаҳистон ва Украина гаштанд. Ва инак фурсати ҳаяҷонбахш ва гуворро фаро расид. Аз субҳ тамоми мардуми мухлис роҳ сӯи Варсов пеш гирифтанд. Бо тамоми лавозимоти зарураи мухлисӣ.

Соати 18:00 қисми ифтитоҳ баргузор гардид. Гуфтан ҷоиз аст, ки хеле хуб гузашт ва албатта бозии аввал бо иштироки тими мунтахаби Лаҳистон бо Юнон оғоз ефт. Аён аст, ки 90 фисади мухлисон аз Лаҳистон ва боқи монда мухлисона дигар давлатҳо буданд. Тамоми бозиро аз оғоз то ба анқом хеле бо шавқу ҳаяҷони зиед аз Фан-Зон, яъне майдони мухлисон тамошо кардем, зеро мо низ мухлисони тими Лаҳистон будем. Новобаста аз он, ки қисми аввали бози дар зери назорати сохибони майдон гузашт,онҳо инчунин чанд лаҳзаҳои хатарнокбарои дарвозаи ҳариф пеш оварданд, ба назари шахсии ман бозӣ на онқадар тезу тунд буд, ҳар ду тими бозингар каме заиф ва беташаббус буданд. Ба ҳар бобат ҳисобро дар дақиқаи 17 Роберт Левандовски бо зарбаи ба назари ман хеле зебо аз тими Лаҳистон кушод. Шодиву хурсандии мухлисонро ҳадду канор набуд ва ана ҳамин лаҳзаи хотирмон ва ҳаяҷонбахшдили одамро то дараҷае аъло ба таппиш меорад. Агар соҳибони майдон ташабускориро аз даст намедоданд, шояд, ки натиҷаи хуб ба даст меоварданд, аммо ин тавр нашуд. Ҳакамони ин бози Карбало намояндаи Испоние аввал бозингари дастаи Юнон Папастатопулос ва дарвозабони Лаҳистонииҳо Шетсниро бо корти сурх аз майдон ронд, сониян зарбаи пеналтиро бар фоидаи Юнониҳо ба инобат нагирифт, инчунин зарбаи пеналтиро ба дарвозаи тими Лаҳистон муайян сохт, ки ҳамаи ин амалҳои ҳакамон албатта шаддидияти тезро миени Ӯ ва бозингарони ҳарду тимро ба миен овард. Ва ин рафтори ҳакамон албатта аз мадди назари мухлисони сершумори Лаҳистони дур намонд.

Аммо бад хоби бадаҳшати мухлисони тими Лаҳистон ба ҳақиқат табдил ефт. Дар дақиқаи 51 бозӣ бозингари Юнон Димитрис Салпингидис ба дарвозаи соҳибони майдон зарба зада ҳосбро баробар кард. Аммо да дақиқаи 118 Карагунис зарбаи пеналтиро ба иҷро расонида натавонист. Ҳамин тариқ бози бо ҳисоби 1-1 ба анҷом расид. Маълум гашт, ки бозингари беҳтарини ин вохӯри ҳамлагари 23 солаи тими Лаҳистон Роберт Левандовски дониста шуд, ки тӯби аввалини Чемпионати Аврупоро ба ҳадаф расонида ҳисоби тубҳои зада шударо оҳоз кард.

Баъди анҷоми бозии Лаҳистон-Юнон озими тамошои бозии Руссия-Чехия гаштем, мухлисони ҳар ду тим ҳам дар майдонҳои мухлиси дар Варсов хеле кам буданд, зеро он тимҳо бозии аввалини худро дар шаҳри Вротслав гузарониданд. Ба ҳар бобат ин бозӣ хеле ҷолибу хотирмон гузашт. Тими Руссия дар ҳақиқат бозии зебо ва ҷаззобро нишон дода сазовар бар ҳисоби 4-1 дастаи Чихияро мағлуб сохт. Зарбаҳоро Роман Широков, Алан Дзагоев (2 тӯб) ва Роман Павлюченко ба ҳадаф расониданд.

Аллакай то имрӯз дӯстон чанд бозитҳо ҳам дар Лаҳистон ва ҳам дар Украин ба анҷом расидаанд.
Лаҳистон-Юнон 1-1
Руссия-Чехия 4-1
Олмон-Португалия 1-0
Ҳолланд-Дания 0-1

Имрӯз бошад Итолие бо Испоние бози хохад кард. Мӯҳтавои ин ва дигар бозиҳо дӯстон дар ифшои оянда.

Барори кор дӯстон.

Advertisements

2 thoughts on “ЕВРООООООООООООО оғоз ШУДДДДДДДДДДД

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s