UmedaUma S Bobojonova

Umeda Bobojonova, махсус барои “Футболи Тоҷикистон” аз Лаҳистон
Салом дӯстон!
Бегоҳи гузашта боз як бозии хеле хотирмон дар шахри Гданск баргузор гардид. Ин навбат вохӯри бо иштироки ду дастаи номдори Аврупо – Итолиё ва Испониё буд, чун вохӯрии охирони ин ду дастаи моҳир дар Чемпионати Аврупо соли 2008 дар чорякфинал баргузор шуда буд. Дастаи Испониё ҳамчун чемпиони фаъоли Аврупо бо дастаи Итолиё, яке аз беҳтарин дастаҳо ба ин бозӣ озим шудаанд. Ҳар ду даста ҳам дар гурӯҳи С пурқувват хонда мешаванд. Маҳз аз ҳамин лиҳоз тамоми коршиносон ва пешгӯёни ҷаҳони футбол муборизаи тезу тундро байни ин дастаҳоро пешгӯи карда буданд ва каме аз байн ғолибиятро ба ин е он даста муносиб медиданд.
Ба ҳар ҳол, воҳӯри нишон дод, ки дастаҳо дар мубориза хеле монанд мебошанд. Руҳияи мубориза ва ғолибият дар ҳар як мухлиси дастаҳои бозигар ҳам дар варзишгоҳ ва ҳам дар фан-зонаҳо пурра дида мешуд, зеро футбол барои ҳар як даста ва дар маҷмӯъ барои мардуми Итолиё ва Испониё бозии оддии варзиши набуда, як арзиши миллии мутаҳҳид кунанда гӯем ҳам хато нахоҳем кард. Тамоми варзишгоҳи Арена, фан-зонаҳо, кӯчаҳои шаҳри Гданск бо рангҳои хоси сурху зарди Испониё ва бо рангҳои хоси парчами Итолиё оро шуда буданд. Мухлисони ҳар ду даста дар ҳақиқат зиндаву фаъол мебошанд.

This slideshow requires JavaScript.

Ва инак бози оғоз ефт. Ҳар ду даста ҳам аз ҳамла ва зарбаҳои хеле ҷаззоб оғоз карданд. Нимаи якуми бозӣ бо ҳамла ва фаъолии дастаҳо, аммо бе ягон гол анчом ефт. Дар қисми дуюми бозӣ, дар дақиқаи 61-ум ҳамлагар Антонио ди Натале, ки ба ҷойи ҳамлагар Баллотелли ба майдон дароварда шуда буд, бо зарбаи чолиби худ бар кунҷи дарвозаи дастаи сухру зардҳо хисоби бозиро кушод. Аммо шодии итолиёиҳо дер давом накард, зеро баъди 3 дакика дар дакикаи 64-ум нимҳимоятгар Франсеск Фабрегас ҳисобро баробар кард. Акнун қувваҳо боз баробар гаштанд.
Ҳамагон албатта умедвор буданд, ки натиҷаи ин бози бо ғолибияти яке аз дастаҳо янҷом меебад, аммо ин тавр нашуд. То дақиқаи охирон бозигарони ҳар ду даста муқобилияти шадидро нишон дода, тӯбро аз ин қисми майдон ба он қисм ҳаво медоданд. Ва баъди садо додани ҳуштаки охирони доварон бозӣ бар ҳисоби 1-1 баробар ба анҷом расид.
Аз ин ҳисоб бештар мухлисони дастаи Испоние хеле ранҷур ва ғамгин гаштанд. Бархе аз мухлисон ва коршиносони футбол ин бозиро каме пассив хислатгузори карданд, чун дар ҳакикат ин тавр ҳам буд, лекин, ба фикри шахсии ман, бозӣ дар фазои баробарии қувваҳо ва захираҳои дастаҳо шуда гузашт. Дар ин вохӯри ҳисоби кортҳои зард гирифтани бозигарон ҳам ба назар мерасад, ки боз як бори дигар аз муқобилияти фаъоли бозингарони дастаҳо шаҳодат медиҳад ва ин дуруст аст – зеро ҳар як даста мехоҳад ғолиб бошад.
Ногуфта намонад, ки дараҷаи ташкилотии раванди бозӣ, бехатарии мухлисон ва атроф аз тарафи кумитаи тадорукоти чемпионат ва мақомоти пулис дар фан-зонаҳо, кӯчаву клубҳо дар сатҳи баланди масъулиятшиносӣ мебошад.

Бозии дувуми гурӯҳи С дар шаҳри Познан байни дастаҳои Хорватия ва Ирландия шуда гузашт. Ин бози низ аз оғоз то ба анҷом хеле шавқовар ва зинда буд. Ҳамаи голҳо дар нимаи якуми бози зада шуданд. Дар дақиқаи 3-юм ва 48-ум ҳамлагар Марио Манджукич, дар дакикаи 43-юм ҳамлагар Никика Елавич бо зарбаҳои худ ба дастаи Ховатия ғолибиятро овардаанд, ба ин зарбаҳои ба ҳадаф расидаи хорватҳо, дастаи Ирландия танҳо бо голи муҳофизатгар Шон Сент- Леджер дар дақиқаи 19-ум бар дарвозаи ҳариф ҷавоб дода тавонисту халос. Натиҷаи вохӯри 1-3 анҷом ефт.

Имрӯз низ яке аз бозии хотирмон Лаҳистон-Русия баргузор мегардад, ки ҳамагон онро бесаброна интизоранд. Инак то дафъаи оянда дӯстон!
Advertisements