Дориюш Раҷабиён

Шўри забон даррафта,
Футболу хоки тафта!
Ин чи баён аст, чоно?
Куштайи Мородуно?
Гўйи зи Қоф уфтода,
Васати ноф уфтода,
Чунон боди даҳане,
Баҳри кадом “Равшане”!
Равшан шавем гоҳе,
К-оем бурун аз чоҳе
Аз жарфои бехунй,
То баландои Рунй (Wayne Rooney).
Феълан ману “Истиқлол”,
Ҳокими ҳоли футбол.
Ҳар он чи ғайр аз он аст,
Чун донаи мурғон аст.
Агар чиддй бигўям,
Бо такя бар ин хўям,
Футболамон ҳам зор аст,
Як тикка аз диёр аст,
Бечораву шикаста,
Бемояву парбаста.

Advertisements