Мухлисони нозии Урупо


Ҷоми Миллатҳои Урупо, бо тамоми хубиҳояш, барои ҷомеаи ҷаҳонии имрӯз, як чеҳраи сиёҳ ва зиддулбашари бахше аз афродро низ ба манзари ом гузошт. Мизбонони кунунии ин Ҷом: Укроин ва Лаҳистон, дар меҳвари майдонҳои зебоманзар ва мудерни футболашон, шавоҳиди ҳузури нозиёне ҳастанд, ки бо амал ва ҳаракот ва садо додани шиорҳои нозии худ, ин маъракаи варзиширо ранги сиёҳ додаанд.

Албатта ин падидаи наве нест, аммо банда барои худ аз ин ваҳшигарии бархе аз афроди башар назари наве пайдо кард. Пешопеш мехоҳам гуфтан, ки ҳадафи ин чанд ҷумлаи ман рӯӣ ин коғаз, асло бадном кардани миллат ва ё қавме нест ва Худо нигаҳ дорад, то банохост касе ин гуфтаҳоямро чунин пиндорад. Аммо…

Крувосӣ, Лаҳистон ва Русия, дақиқтар: маҳз мухлисони ҳамин се кишвар дар рафти бозиҳои тимҳояшон, нисбати варзишгарони дигар тимҳо, ки ранги пусти дигаре доранд, шиорҳои ваҳшиёна ва бар зидди башар садо доданд. Кор то ҷое расид, ки ҳаводорони тими Крувосӣ ба сӯӣ футболбози тими Итолиё – Антонио Балотелли, муз (банан) ҳаво доданд ва ҳаракоти шабеҳи маймунро бар ӯ раво диданд.

Шояд ин тасодуф бошад, аммо имрӯз ҳувайдост, ки нозиёни футбол бештар аз қавми словӣ ҳастанд; он қавме, ки дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум аз нозиёни вақти Олмон азоби бештаре дида буданд.

Қиссае шунида будам аз забони худи мардуми рус, ки – «Ҳитлери лаъин чунин фикре дар сар дошт, ки чун олам мусаххари ӯ шавад, ӯ насли яҳуду кулӣ (цыган)-ро биканад ва дар ҳар хонаи олмонӣ як хидматкори словӣ бояд бошад, чун Ҳитлер онҳоро ашхоси навъи дуввум медонист».

Маҳз ҳамин миллат, ки аз тарафи нозиёни олмонӣ шомили навъ ва ё сорти дуввум буданд, бояд бештар дар сарнагунии фикру амалҳои нозиёна саҳм дошта бошад, аммо ҳайҳот!

Сарфи назар аз ин ва бо вуҷуди дигар воқеъоти нангин ва зулми нозиёни даври Олмон, мухлисони словӣ то ба имрӯз ин падидаи ҳайвониро тарк нагуфтаанд ва дар паҳн кардани он фаъоланд.

Бо умеди беҳбудӣ ва бпродарӣ байни инсонҳо.

Ханҷарбек Қурбонбеков, Ҳомбург, Махсус барои Кимиёи Саодат

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s