“Раша! давай, до свидания”


Дуруд ба мухлисони футбол!

Инак дӯстон баъди 10 рӯзи оғози Чемпионати Аврупо навбат барои баромадан ба чорякфинали чемпионат фаро расид. Чи хеле, ки барои ҳамагон маълум аст, аллакай дар гурӯҳҳои А ва В маълум гашт, ки кадом гурӯҳҳо роҳхат ба чорякфинал ба даст овардданд. Агар барои мухлисон дар гурӯҳи А бохти тими Лаҳистон аз ҳақиқиат дур набуд, бохти ғайриоддии тими мунтахабаи Руссия ҳамагонро ба ҳайрату ҳолати ногувор оварда расонд хусусан мухлисони 50000 нафараи русро, ки нафари зиедашон бо умеди бурдҳои ояндаи даста аввалинбор озими давлати Лаҳистон гаштаанд. Аммо метавон гуфт, ки ғалабаи тими Юнон дар ҳақиқат баҳои баландро сазовор аст. Чунин баҳои хубро ҳам барои тими Чехия низ раво бинем агар хато нахоҳем кард, зеро ҳар ду бозӣ байни Руссия ва Юнон дар Варсав ва Лаҳистону Чехия дар майдони Вротслав дар ҳақиқат хубу ҷолиб ва арзанда буд. Маълум гашт, ки тимҳои ғолиб ба бозии ниҳоии бо омадагӣ ва иродаи кавии ғолибият бар ҳариф омада будунд. Ҳар ду бозӣ бар ҳисоби 0-1 кӣ бурдӣ барои тимҳои Юнон ва Чехия бар тимҳои Руссия ва Лаҳистон ба анчом расид. Ҳамин тариқ дирӯз ва имрӯз аллакай дар гурӯҳи А Юнон ва Чехия, дар гуруҳи В Олмон ва Португалия бо ба даст овардани ғолибият бар тимҳои Ҳолланд ва Дания соҳиби роҳхат ба чорякфинал гаштанд. Пагоҳ бошад дар Познан бозӣ байни тимҳои Итолие ва Ирландия, Испоние ва Хорватия дар Гданск баргузор мегардад ва ҳамагон насиб шоҳиди боз ба чорякфинал баромадани 2 тими ғолиби гуруҳи С хоҳем гашт. Ҳоло бозиҳои ҷолиб дар пешанд дӯстон.

http://allsport-live.ru/ ин сомона бошад дӯстон барои ононе, ки мехоҳанд футболро тариқи шабакаи интернет тамошо кунанд монда шудааст.

Ба ҳамагон барори кор то навиштаҳои оянда дар амони Худованд бошед.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s