Шикастхӯрдаҳои сарбаланд


UmedaUma S Bobojonova

Umeda Bobojonova, махсус барои “Футболи Тоҷикистон” аз Лаҳистон
Салом Дӯстон!
  • 21.06.2012 Чехия — Португалия. Варсав (Лаҳистон);
    22.06.2012 Олмон — Юнон. Гданск (Лаҳистон);
    23.06.2012 Испания — Фаронса. Донетск (Украина);
    24.06.2012 Инглистон — Италия. Киев (Украина).

    Бегоҳи рӯзи гузашта аллакай тамоми ҳайати тимҳои ба чорякфинал роҳхат гирифта маълум гашт (дар боло омада).

    Ин ҷо бошад каме оиди бозиҳои байни гурӯҳи D гузашта сухан кардан мехостам, зеро ҳар ду бозиро бо як ҷаҳон таасуррот тамошо кардам ва бояд бигӯям, ки ба назари шахсии ман ҳам дастаи Украина ва ҳам Шветсия бениҳоят бозии аъло ва ҷолиб нишон доданд, гарчанде аз рӯи холҳои ба даст оварда аз гурӯҳи худ набаромада бошанд ҳам, хеле зебо ва сарбаландона вазифаи худро ичро кардаанд ва мухлисони сершумори худро шод гардониданд.

    Албатта оиди бозии дастаи Шветсия ягон шакху шубҳа нест, зеро пурра маҳорат ва малакаи худро нишон дода яке аз дастаҳои бомаҳорати Аврупоро асабони сохтанд ва нагузоштанд, ки онон ягон чора андешанд, ки хеле ғайри чашмдошат аст. Аммо дар масоили голи ба ҳисоб гирифта нашудаи дастаи Украина нуқтаи назар бисер аст ва на ҳама бо қарори ҳайтаи ҳакамони ин бозӣ бо сарварии Виктор Кошшои ва еварони ӯ розӣ мебошанд. Чун дар асл тӯб баъди зарба задани Марко Девич аз хатти болоии дарвоза каме гузашта вориди он шуд, аммо онро ҳакамон ба инобат нагирифтанд, вале ба ақидаи мухлисон тӯб дохили дарвоза буд.

    Ба ҳар бобат, бохти ҳар ду даста ҳам аз гурӯҳи D хеле сарбаландона ва бошарафона буд. Агар чунин бозии моҳиронаро дастаи Шветсия аз аввал нишон медод, ҳоло имконият пайдо мекард, ки аз гурӯҳаш ба даври чорякфинали барояд. Ҳам аз ҷиҳати техникии бозингарӣ, муҳофизатӣ, ҳамла, чолоки ва мақсаднокӣ имрӯз дастаи Шветсия дар ҷои аввал буд, беҳтарин бозии ниҳоии гурӯҳиро нишон доданд.

    Инак натиҷаи бозии гурӯҳи D чунин аст :
    Фаронса 0 – Шветсия 2
    Инглистон 1 – Украина 0

    Ин буд каме таснифоти рузи охирини бозиҳои гурӯҳӣ дӯстон. То таснифотҳои оянда дар амони Худованд бошед.

Advertisements

4 thoughts on “Шикастхӯрдаҳои сарбаланд

  1. Дар хакикат, голи украинихоро доварон дуздиданд вагарна ки медонад чи мешуд. Хеле муташаккирем, дастатун дард накунад. Интизори шарххои ояндаем, Умедахон!

  2. Дустоооооооон!!!!!!!! ТАБРИИИИИИИИИИККККК!!!!! МАВЗУНА СОХИБИ МЕДАЛИ БИРИНЧИ ва АВВАЛИНИ ТОЧИК дар олимпиада гардид!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s