Дар даври 21уми чемпионати Точикистон оид ба футбол “Энергетик” бо “Равшан” дар варзишгохи “Авиатор” бо хам вомехурданд.Карор буд бози соати 15.00 огоз шавад ва ман чун одати харвакта 10дакика дертар ба бози расидам ва аввалин “чизе”,ки ба чашми ман =и ба варзишгох даромадан афтод,ин “прическа”и Саломон Течи,раками 10-и “Равшан” буд.Медонед чи гуна буд?Чизе миени чайраву хурус, мисли Неймар…Ачоиб!

Хуб,”Равшан” бо чунин хайат(4-4-2)ба майдон баромада буд:
Р.Ризоев-Хасан Рустамов,С.Мусо,Б.Аманква,О.Эргашев-Х.Расулов,Д.Мауто,Н.Хакимов,С.Каримов(к)-Навруз Рустамов ва “Ч,айрахурус”(С.Течи).

Варзишгох то бас гуфтан пур аз мухлисхо…мухлисхои “Равшан” албатта,такрибан 5-6хазор.Дакикахои аввали бози ором мегузаштанд,мисле,ки дар бокс раундхои аввал ракибон ба шиносоии тарафхои заъифи бокуввати хамдигар одатан машгул мешаванд. Ин оромиро Хикмат Расулов дар дакикаи 20ум бо зарбаи сахту каме хатои худ “халалдор” намуд.Ду дакика пас Хасан Рустамов дар тарафи чапи майдон якеро фиребиду ба чаримагох даромад ва такрибан аз 6-7 метр зарба зад, хато! Мухлисон низ фаъол шуданду аз кафои “рахбарашон” Шурик,мухлиси сарсупурдаи “Равшан” такрор мекарданд:”Мора 1гол мефора…”

Такрибан дакикахои 34уми бози буд, ки “Равшан” ба хучуми катъи гузашт,партофт ба чаримагох, он чо “Ибрагимовичи мо” Навруз Рустамов дар хаво ракобат карда,ки натичааш ин шуд,ки туб ба пойи Саломон Течии чолок афтод, у якеро дар чаримагох фиреб доду бо дарвозабон ру ба ру шуд,хост зарба занад,вале аз кучое як пой пайдо шуду уро афтонд.Довар бе дудилаги ба “нукта” нишон дод. Нуъмон Хакимов ва 0:1. Равшан ба пеш баромад,аммо…ду дакика хам нагузашта,ки энергетикхо хисобро = намуданд. Бояд бигуям, ки фаъолии аз хад зиеди “Равшан” дар канори чап мушкили эчод кард. Хасан Рустамов, мухофизи чапи даста хатои кудакона намуда,гузошт,ки Шодибек Гаффоров,мухочими Энергетик бо С.Мусои кадбаланди почадароз,фарангии мисрии “Равшан” ба “мулокот” барояд.Ш.Гаффоров “дарахт”ро гузашта,бо зарбаи сахт тубро вориди дарвоза кард,”Энергетик”-“Равшан” 1:1.

“Энергетик” дар кисми аввал тупро пурра ба мехмонон дода буд, вале дар аввалин фурсат контрхучумхои хатарнок созмон медод.Кисми аввал бо хамин хисоб анчомид ва… дахшат!!!…дусти пургуям маро ефт,рости карор карда будем,ки якчоя ба бози меравем,аммо ниятхо дигар шуданд,ман хостам пахши хаттии мустакими ин бозиро дар сахфаи фейсбукии “Равшан” гузаронам,аз ин ру танхо буданро зарур шумурдам ва онхоро “кидать” кардам,аммо “Пешвои аблаххои чахон”(лакабаш)маро кофту ефт, Худо зад, дигар “кор” кардан намемонд,хар саволе мешуд,аз гуглаш(аз банда)мепурсид,умуман “ужас”!Як саволаш чунин буд:”Ку бфахм “сагераи хурдимон”(“Хосилот” Фархорро дар назар дорад)чи хол дора да Регар? “Вакте хисоби кисми аввали бозии Регар-Хосилот(5-1)ро фахмид,зик шуд.

Сухбатхо гарм буд,ки кисми 2юм хам сар шуд ва ин бор канори рости “Равшан”(Одил Эргашев ва Сафар Каримов) фаъоли нишон медоданд.Дар дакикаи 65ум Сафар Каримов шонси хуби голзани дошт,аммо Мирали Муродов,дарвозабони энергетикхо хатарро рафъ кард.Дар ин дакикахо кори М.Муродов хеле зиед буд,маълум буд,ки кулобихо ба мусови рози нестанд.

Дакикахои 76ум,хучум боз аз тарафи рост,Одил Эргашев чойяшро хуб иваз карда,паси мувофикро интизор аст,хостаашро карданд,бо дарвозабон 1 бар 1 баромад,мисли солхои чавони бо 1″финт”дарвозабонро ба замин афтонд ва тубро вориди дарвозаи “бесохиб” намуд.Г0Л! 1:2.Мехмонон боз ба пеш баромаданд.Энергетикхо низ бохтан намехостанд,аммо вакт зуд мегузашт,онхо худро идора карда наметавонистанд,дар яке аз чунин холатхо дарвозабон Муродов ва бозигари нав ба майдон баромадаи мехмонон Б.Хасанов занозани намуданд,довар ба харду корти зард дод ва вазъро ором кард.
То охири бози такрибан 5дакика монда буд,бозигари”Равшан”ро зада афтондан,зарбаи чаримави аз 25метр,мухлисони фаъоли “Равшан”-и Кулоб аз кафои “Шеф”ашон Шурик такрор мекарданд:”Надо гол,надо гол!”,Н.Хакимов зарба мезанад,дарвозабон дар чояш!

Хамин тавр,бозии “Энергетик”-“Равшан” 1:2 ба фоидаи мехмонон анчомид ва “Равшан” аз “Энергетик” барои бохт дар 1/4-и Чоми Точикистон касос гирифт.Дар дигар бозии хамин давр “Регар” дар майдони худ бар “Хосилот”и “бечора” бо хисоби теннисо+футболии 9:1 галаба кард ва бо 48хол дар чойи аввал боки монд.”Равшан” баъди ин бурд сохиби 47имтиез буда,дар чойи дуюм карор гирифтааст.Дастаро аз чойи якум 1хол чудо мекунад.Ин чунин маъно дорад,ки охири чемпионат “гарм” хохад гузашт.Футболро дуст доред!

France10 DF,махсус барои “Сомонаи фанатхои “РАВШАН” Кулоб“-ravshan1.ucoz.com

Advertisements