images
Интизор меравад, ки ин ду дастаи ш.Истаравшан дар мавсими нави футбол якчо баромад намоянд. Дастаи футболи Далерон, ки мавсими гузаштаи футбол кахрамони чемпионати вилояти Сугд гардид. Ва Истаравшани Истаравшан дар мавсими гузашта дар лигаи оли баромад дошт. Бо сабаби танкисии молияви 8 бозигари Истаравшан ба дастаи Далерон гузашт. Инхо Дилшод Ахадов, Бехзод Мусоев, Диловар Бойкузиев, Илхом Баротов, Абдурахмон Курбонов, Бахтиёр Абдурахмонов и Сухроб Мансуров ва се нафар фаранги аз Гана ба даста аз санчиш гузашта истодаанд. Шухрат Шамсиев дар сухбат бо хабарнигорони “ВС” хабар додааст, ки бозигар аз сабаби пайдо нашудани сарпараст дастаро тарк кардаанд. У иброз доштаас, ки якчо шудани ин ду даста, ба нафъи футболи шахр мешавад. Асадулло Нуруллоев сармураббии Далерон изхор медорад, ки даста тамринхоро дар Бахористони ш. Кайрокум гузаронида истодааст. Онхо ният доранд ба гайр аз бозигарони Истаравшан, боз бозигарони дигарро низ ба даста даъват меномоянд. Дар мавсими нави футбол, шояд ин ду даста бо номи “Уротеппа”- Истаравшан баромад намоянд.

Advertisements