Чаро Инйеста узви дастаи «Реал Мадрид» нагардид?


Бознашр аз ҳафтаномаи “Сим-сим”

Футболбози беҳтарини ЕВРО-2012 Андреас Иниеста айни замон дар яке аз клубҳои машҳури дунё «Барселона» баромадашро давом дода истодааст. Ин ҳафта мехоҳем, барои мухисони футбол ва хонандагони ҳафтаномаи «Сим-Сим» оиди ин футболбоз маълумот орем.

Иниеста футболбозе аст, ки дар майдон як худаш метавонад то се чор бозингаари ҳарифро гузашта партофтҳои хуб намояд. Имсол ин футболбоз тавонист, ки ҳамроҳи дастаи мунтахаби Испания бори дуюм Ҷоми Аврупоро соҳиб шавад. Инчунин таавонист, ки дар охири моҳи декабр сазовори беҳтарин бозингари Аврупо дар соли 2012 гардад. Инчунин ў баъд аз анҷоми Евро-2012-ум беҳтарин бозингари финали, ки дастаи Испания тими Италияро бо ҳисоби 4:0 маѓлуб намуда буд, эълон шавад. Боз тамоми кўшишу ѓайрати ин футболбозро ба инобат гирифта, ўро беҳтарини бозингари ЕВРО-2012 қадрдонӣ намуданд. Айни замон Иниеста дар тими машҳуртарини олам «Барселона»-и Испания баромад намуда истодааст. Ў ҳамроҳи Лионел Месси ва Хави Эрнандес дар ин тим пешбаранда ба ҳисоб мераванд. Ба гуфтаи бештари футболбозон агар Иниеста дар майдони футбол бошад, ҳариф хеле дар ҳарос аст, чунки он партофтҳое, ки ин футболбоз ба ҳамдастагонаш медиҳад, хатарнок аст.

Акнун инҷо мехоҳем оиди шарҳи ҳоли ин футболбоз маълумот диҳем.

Андреас Иниеста Лухан 11 майи соли 1984-ум дар Фуэнтеалбиляи Албасете чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Футболбози дастаи мунтахаби Испанияя ва «Барселона» ба ҳисоб меравад. Дар тими мунтахаб таҳти рақами 6 ва дар тими «Барселона» бошад таҳти рақами 8 баромад мекунад. Соли 2010 дар бозии финалии Ҷоми Ҷаҳон, ки тими Испания бо дастаи Голландия ба финал баромада буд, голи ягонаи Иниеста дастаи Испанияро чемпиони ҷаҳон гардонида буд.

То синни 12 солагиаш ў дар тими дигари Испания «Албасете» баромад менамуд ва баъдан скаутҳои «Барселона» бозии Иниестаро диданду маъқул намуданд, ў озими шаҳри Барселона гардид. То солии 2002-юм ў дар ҳайъати ҷавонони тим баромад менамуд. Ў аввалин бозиашро дар ҳайъати тими асосӣ 29 октябри соли 2002-юм гузааронид, ки дар ин рўз дастаи «Барселона» дар ҷоми чемпионҳои Аврупо бао дастаи «Брюгге» бозӣ дошт. Аллакай дар мавсими оянда Иниеста дар даста 11 бози гузаронида 11 гол ба дарвозаи харифон ворид намуда буд. Дар ин 11 бозие, ки Иниеста гузаронида буд, анқариб дар ҳамааш ситораи ҳамонвақтаи тим Роналдиниоро иваз менамуд. Дар ҳамон сол тими «Барселона» мақоми дуюмро соҳиб шуда буд.

Дар мависим 2004/05-ум бошад, ў аллакай футбозбози ҳайати асосии дастагардида буд вва аз 38 бозии чемпионаат дар 37 тои он баромад намуд, ки нисбат ба тамоми футболбозони даста бештар буд, вале ҳамагӣ ду маротиба тўри ҳарифро рахна намуда буду халос

Маҳз дар ҳамин сол ў тавонист, ки ба ҳайати тими мунтахаби Испания шомил гардад ва дар чемпионати ҷаҳони соли 2006, ки дар давлати Олмон баргузор гардида буд, шомил гардид.

Мавсими 2006/07 барои дастаи «Барселона» соли бебарор омад. Даста аввали мавсимро бо ѓалабаи суперҷом бар тими «Эспаниол» оѓоз намуд, вале баъдан суперҷоми Аврупоро ба тими «Севиля» бо ҳисоби 0:3 бохт.

Дар чемпионати Испания бошад, даста аз тими шоҳонаи «Реал» оқиб монд ва мақоми дуюмро соҳиб гардид.

Соли ояндааш ҳам дастаи «Басрселона» чемпион шуда натавонист ва танҳо мақоми сеюмрро соҳиб гардид. Мақоми аввалро «Реал» ва дуюмро «Валенсия» гириффта буданд. Маҳз дар ҳамин сол Пеп Гвардиола ба сари вазифаи сармураббигии дастаи «Барселона» омад ва ў дар ин вазифа Франк Райкаардро иваз намуда буд.

Соли 2008-ум барои Иниеста соли бобарортарин маҳсуб меёфт. Маҳз дар ҳамин сол дастаи Испания чемпиони Аврупо гаардиданд, ки иниеста ҳам дар он сахми бузурге дошт. Дар чемпионати Испания бошад дастаиаш мақоми авввалро соҳиб шуд. Дар лигаи чемпионҳо дар даври нимфиналӣ бо дастаи «Челси»бозии аввал 0:0 гардид. Дар бозии ҷавобӣ то охирҳои мубориза ҳисоб 1:0 ба фоидаи клуби Роман Абрамович буд. Лекин дар дақиқаи 90+3-юм Иниеста пас аз партофти Леонел Месси ҳисобро баробар намуд ва дастаи «Челси»-ро аз давоми мусобиқот маҳрум кард. Дар бозии финали бо «Манчестер Юнайтед» вохўрданд, ки бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи «Барселона» анҷом ёфт. Инчунин дар Ҷоми Испания ҳам дар даври финали «Атлетик Билбао»-ро бо ҳи соби 4:1 шикаст доданд.

Солҳои баъдина ҳам барои Иниеста ва «Барселона» бобарор омад ва пайи ҳам се маротиба чемпиони Испания гардиданд. Мавсими 2010-11 Иниеста ҳамроҳи дастааш Ҷоми лигаи чемпионхои Аврупоро соҳиб гардид ва дар финал тими «Манчестер Юнайтед»-ро бо ҳисоби 3:1 ѓалаба намуд. Инчунин соли 2010-ум барио Иниеста соли фаромўшношудани ба ҳисоб меравад, чунки хамрохи тими мунтахаби Испания аввалин мраотиба чемпиони ҷаҳон таин шуд ва голи ягонаи финалиро ба дарвозаи Голландия маҳз Иниеста зада буд. Соли 2012-ум чемпиони Аврупо гардид ва бозингари беҳтарини ЕВРО ва Аврупо таин шуд. Лекин дар ҷоизаи «Тўби тиллоӣ» мақоми сеюмро соҳиб гардид. Мақоми аввалро хамдастааш Лионел Месси, баъдан Криштиану Роналду аз тими «Реал» ва Иниеста мақоми сеюмро соҳиб шуд.

Андреас Иниеста бо Анна Ортис соли сеюм аст, ки дар никоҳи шаҳрвандӣ қарор доранд, вале 3 апрели соли 2011- ум онҳо соҳб духтарча бо номи Валерия гардиданд. 8 июли соли 2012 тўйи онхо баргузор гардид, ки дар он Жоан Гаспар, Сандро Росел, Давид Виля, Карлес Пуйол, Херард Пике, Хави Эрнандес, Лионел Месси, Икер Касиляс, Висенте дел Боске ва дигарон иштирок намуда буданд.

Далеҳои ҷолиб
Ҳарду бобояш хам номаш Андрес буд.
Волидайни Иниеста ба варзиш алоқае надоштанд ва танҳо онҳо пешхизматони тарбахонаҳои гуногун буданд.
Барои аввалин моҳонааш аз дастаи «Барселона» барои модараш хона тўҳфа намуда буд ва падарашро пурра ба кор кардан манъ намуд.
Иниеста метавонист, ки ба мактаби «Реал» Мадрид дохил шавад, вале барои волидайнаш ҷойгиршавии академияи «Реал» писанд набуд.
Андреа Иниеста то ҳол он бутсие, ки падараш аввалин маротиба ба ў харида буд, нигоҳ медорад.
Тахаллусаш «Каспер» ва «Аҷал» аст. Инчунин ў забаони англисиро бо мушкилии зиёд аз худ намуд, вале дар нишастҳои матбуотӣ бо забони каталонӣ сухан мекунад.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s