images
Хайри Вахдат тамринхояшро барои мавсими футбол огоз намуд ва шаш фаранги ба даста барои санчиш даъват кардааст. Дар ин бора сармураббии даста Юсуф Абдуллоев ба “ВС” хабар додааст.
– Тамринхо хуб гузашта истодаанд. Ба гайр аз хайъати пешина ба фарангихои эрони дарвозабон Саидхусейни Дороби ва химоятгар Сайёд Мухаммад баргаштанд. Аз руи гапи фарангихо ба онхо муяссар нашудааст бо дастахои бехтарини Эрони шартнома банданд, онхо ба карор омаданд, ки ба мо баргарданд. Хамчунон ду фарангии дигар аз Эрон Хусейни Сухроби аз «Нафта»- Махмудобод ва Аббоси Хошими бозигари «Шахрванд»-и ш.Сурак даъват шудаанд. Холо онхо аз худ таъсироти хуб гузошта истодаанд, аммо ба махорати пурраи онхо пас аз бозихои дустона бахо гузошта мешавад. Ба гайр аз инхо дар санчиш фарангихои ЦСКА «Памир» Наполеон и Ричард Абабю карор доранд. Дар накша дорем боз ду-се бозигарон аз дастахи лигаи олии кишвар даъват намоем.

Advertisements