1329279047_sbornaya_belek20
Сармураббии тими миллии Точикистон Никола Кавазовичи серби 27 нафар бозигарон барои омодаги ба Ҷоми чолиш, ки сеюми мар огоз меёбад, номбар кард. Ин руйхати бозигарон кабли буда, аз инхо танхо 23 нафар дар охир дар хайъати асоси шомил мешаванд. Аз 27 нафар бозигарон 4 дарвозабон, 9 химоятгар, 9 нимхимоятгар ва 5 хамлагар шомил шуданд. Дар руйхати бозигарон ду фаранги химоятгарон Фарход Восиев аз дастаи “Волгарь” Астрахан ва Даврон “Эргашев Иртыш” Казокистон, аз хама бисёр аз дастаи Истиклоли Душанбе 12 нафар, 7 нафар аз дастаи РегарТадази ш. Турсунзода, 4 нафар аз дастаи Хучанди Хучанд ва боз ду бозигар Алишер Туйчиев ва Фарход Тохиров бозигарони озод.
Ёдовар мешавем, ки ин мусобикот аз 17-ум то 21-уми мартдар пойхтахти Киргизистон шахри Бишкек баргузор мегардад. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медихад.
Ачибаш ин аст, ки аз кахрамони феълии кишвар Равшани Кулоб ягон бозигар даъват нашуда аст. Чахор бозигири даъват шудаи Хучанд, холо аз Хучанд баромад накардаанд. Дар холати ба дастаи Парвоз гузаштани Алишер Туйчиев ва Фарход Тохиров, бозигарон хамин дастаро муаррифи менамоянд.

Руйхати калбии тими миллии Точикистон:
Дарвозабон : Алишер Туйчиев (бозигари озод), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Абдулазиз Махкамов («Хучанд»), Саидчон Саидрахмонов («Истиклол»);
Хамоятгарон: Фарход Восиев («Волгарь», Астрахань, Россия), Сохиб Саванкулов, Эрач Рачабов, Наим Улмасов, Ахтам Назаров (хама – «Истиклол»), Даврондчон Эргашев («Иртыш», Павлодар, Казокистон), Далер Тухтасунов, Алексей Негматов (хар ду – «Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров («Хучанд»);

Нимхимоятгарон: Умедчон Шарипов, Дилшод Восиев, Чахонгир Чалилов, Фатхулло Фатхуллоев, Нуриддин Давронов, Ибрагим Рабимов (хама – «Истиклол»), Махмадали Садиков («Хучанд»), Хуршед Махмудов, Чамшед Исмоилов (хар ду – «Регар-ТадАЗ»);
Хамлагарон: Ахтам Хамрокулов, Комил Саидов (хар ду – «Регар-ТадАЗ»), Чахонгир Эргашев («Истиклол»), Юсуф Рабиев («Хучанд»), Фарход Тохиров (бозигари озод).

Advertisements