Гайрат Абдуразоков дар мехмонии Футболи Точикистон.


getImage
Мусохиба бо Гайрат Абдуразоков фарангии Парвоз аз Узбекистон пешниход мекунем.

– Гайрат кадамхои аввалини шумо дар футбол.
– Дар синни дах солаги ба бошгохи футболи Метоллург Бекобод рафта бадам, махс дар хамин даста кадомхои аввали худро гузоштаам.
– Бо хохиши худ буд ё каси дигар водор кард?
Бале бо хохиши худам, дар аввал волидайн мокибил буданд, намегузоштанд.
– Мураббии авалини шумо ?
– Мураббии якуминам ин Махмуд Холматов, дар футболи касби бошад Ином Кобилбоев.
Бозии аввалини шумо кай ба вукуъ омад ?
– Ин бози дар дубли Метоллург буд, мукобили Семург ва як гол низ ба самар расонида будам .
Пас аз ин чи кадар вакт лозим шуд, ки аз дастаи асоси баромад кунед?
– Як сол ва мукобили кахрамони Узбекистон Дуслики вилояти Тошканд буд. Дар он бози ман дар кисми дуюм 30 дакика ба майдон баромада будам.
Голи аввалини худро дар ёд доред?
– Хато накунам ин ба дарвозаи Нефтчи буд.
Чи гуна ба дастаи Парвоз шомил шудед?
– Мансур Хакимов таклиф кард. Мо бо у дар Металург якчо бози карда будем.
Воқеан бо дарвозабони мунтахаби Точикистон Алишер Туйчиев хам якчо бозидаед?
– Бале бо у низ якчо бозидаем.
Беҳтарин таъсироти шумо аз мавсими гузаштаи чемпионати Точикистон.
– Ин дар мехмони бози мукобили Равшани Кулоб, варзишгохи пур аз мухлисон, хело хуш буд дар ончо бози карданд.
Хабари ба дастаи Уротеппа гузаштанро чи гуна шарх медихед?
– Дар хакикат онхо таклиф карданд, аммо холо ман дар Парвоз хушҳол хастам.
Аз хама кадом даста ва бозигари чахони ба шумо бисёр писанд аст.
– Зинадин Зидан ва Андреа Пирло, аз дастахои футбол бошад, бештар Ювентус ва Реал Мадрид.
Ба шумо ташаккур ва муваффакият .
– Рахмат ба шумо низ.
————————————————–
Гайрат Абдуразоков :
6-уми октябри соли 1982 дар ш.Бекободи чумхурии Узбекистон таввалуд шудааст.
Нимхимоятгар. Дар дастахои Метоллурги Бекобод ва Парвози Б.Гафуров бози кардааст.
Оиладор сохиби се духтар.

Манбаъ Футболи Точикистон.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s