Дар соли 2010 Тоҷикистонро дар Ҷоми президенти КФО дастаи шаҳри Қурғонтеппа намояндагӣ мекард. “Вахш” дар гурӯҳи “Б” бо қаҳрамонҳои Камбоҷа, Шри-Ланка ва Покистон бозӣ мекард. Бозиҳои ин гурӯҳ ҳама дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон баргузор гардида буданд. Устод Нарзуллоҳи Латиф ҳамроҳ бо дастаи “Вахш” ба он кишвари аҷибу ғариб сафар дошт ва пас аз сафар як ҷаҳон гузоришу аксу наворҳои видеоиро оварда, дар “Футболи Тоҷикистон” нашр карда буд.
Наворҳои видеои ва аксҳо аз сафари “Вахш” ба Мянмар
Хуб, дар бозии аввали худ “Вахш” титу пити филсаворони сейлонӣ – дастаи “Ренаун Спортс”-ро баровард. Қаҳрамони Шри-Ланка пас аз ин бозӣ дар ҳақиқат ҳам “ренаун”, яъне машҳур шуд бо он шаш голи сар додааш.
10.05.2010. Янгон, Мянмар. «Вахш» 6:0 «Ренаун Спортс Клаб» (Шри-Ланка). Голҳо: Рустам Усмонов 57, 72, 82, Алексей Неъматов 59, Нӯъмон Ҳакимов 60, Аҳтам Ҳамроқулов 75.
Навиштаи шогирдонаи Фолловер аз бозии аввал
Гузориши Нарзуллоҳи Латиф аз бозии аввал
Дар бозии дуввум бар муқобили “Вахш” аз силоҳи кимиёиву ҳастаиву ким чӣ бало истифода бурдан хостанд, яъне, “КРЛ” (Озмоишгоҳи илмии Хон”)-ро ба майдон дароварданд. Тоҷикон зиёд ҳаросе ҳам надоштанд, танҳо як гол кофӣ буд, то пакиҳо нокаут бираванд.
12.05.2010. Янгон, Мянмар. «Вахш» 1:0 «КРЛ» (Покистон). Гол: Рустам Усмонов 63.
Гузориши Нарзуллоҳи Латиф аз бозии дуввум
Дар бозии саввум низ қаҳрамони Тоҷикистон дарвозабони худро ба истироҳат фиристода, ба осонӣ кадом дастаеро аз Камбоҷа бо ҳисоби се бар сифр шикаст дод ва бе ҳеҷ дарди сар ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.
14.05.2010. Янгон, Мянмар. «Вахш» 3:0 «Нагакорп» (Камбоҷа). Голҳо: Маҳмадалӣ Содиқов 44, Рустам Усмонов 64, Аҳтам Ҳамроқулов 75.
Тақвим ва ҷадвали пурраи бозиҳои интихобӣ:
Гурӯҳи “А”:
- 12-уми май: «Дордой» (Бишкек) 5:0 «Ҳасус» (Тайван)
- 12-уми май: «Абаҳани Лимитед» (Бангладеш) 2:0 «Ню Роуд Тим» (Непал)
- 14-уми май: «Ню Роуд Тим» 0:3 «Дордой» (Қирғизистон)
- 14-уми май: «Ҳасус» 0:0 «Абаҳани Лимитед»
- 16-уми май: «Ҳасус» 3:4 «Ню Роуд Тим»
- 16-уми май: «Абаҳани Лимитед» 0:0 «Дордой»
Даста | Б | П | М | Ш | Т/Т | Х |
«Дордой» | 3 | 2 | 1 | 0 | 8-0 | 7 |
«Абаҳанӣ» | 3 | 1 | 2 | 0 | 2-0 | 5 |
«НРТ» | 3 | 1 | 0 | 2 | 4-8 | 3 |
«Ҳасус» | 3 | 0 | 1 | 2 | 3-9 | 1 |
Гурӯҳи “Б”:
- 10-уми май: «Нагакорп» (Камбоҷа) 1:2 «КРЛ» (Покистон)
- 10-уми май: «Вахш» 6:0 «Ренаун Спортс» (Шри-Ланка)
- 12-уми май: «КРЛ» 0:1 «Вахш»
- 12-уми май: «Ренаун Спортс» 2:4 «Нагакорп»
- 14-уми май: «Вахш» 3:0 «Нагакорп»
- 14-уми май: «КРЛ» 1:2 «Ренаун Спортс»
Даста | Б | П | М | Ш | T/T | Х |
«Вахш» | 3 | 3 | 0 | 0 | 10-0 | 9 |
«КРЛ» | 3 | 1 | 0 | 2 | 3-4 | 3 |
«Нагакорп» | 3 | 1 | 0 | 2 | 5-7 | 3 |
«Ренаун» | 3 | 1 | 0 | 2 | 4-11 | 3 |
Гурӯҳи “С”:
- 9-уми май: МТТУ (Туркманистон) 8:0 «Дракстерс» (Бутан)
- 11-уми май: «Яданарбон» (Мянмар) 11:0 «Дракстерс» (Бутан)
- 13-уми май: МТТУ 0:0 «Яданарбон»
Даста | Б | П | М | Ш | T/T | Х |
«Яданарбон» | 2 | 1 | 1 | 0 | 11-0 | 4 |
МТТУ | 2 | 1 | 1 | 0 | 8-0 | 4 |
«Дракстарз» | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-19 | 0 |
Марҳилаи ниҳоӣ:
Марҳилаи ниҳоӣ низ дар Мянмар баргузор мегардид. Дар он, бар иловаи қаҳрамони он кишвар се даста аз Осиёи Марказӣ барои Ҷом сафар карданд. Яке аз онҳо, “Вахш” беҳуда ҳам сафар кард, чунки ҳанӯз дар бозии нахустин аз мизбонон ду гол сар доданд ва ҳеҷ гол ҳам назада, ба Ватан баргаштанд. Дар бозии дигари нимниҳоӣ бо айни ҳисоб “Дордой-Динамо” бар “МТТУ”-и Ишқобод пирӯз омад. Вале дар бозии ниҳоӣ “Яданарбон”-и янгонӣ дар вақти иловагӣ ба дарвозаи қирғизҳо як гол зад ва Ҷомро ба даст овард. “Яданарбон” нахустин дастае берун аз Осиёи Марказӣ гардид, ки Ҷоми президенти КФО ба кафи дасташ даромад.
Бозиҳои нимниҳоӣ:
24.09.2010. Янгон. “Яданарбон” 2:0 “Вахш”
24.09.2010. Янгон. “Дордой-Динамо” 2:0 “МТТУ”
Бозии ниҳоӣ:
26.09.2010. Янгон. “Яданарбон” 1:0 “Дордой-Динамо” (вақти иловагӣ)