Соли 2011 соли имтиҳони “Истиқлол” дар саҳнаи осиёӣ буд. Пойтахти Тоҷикистон, ки нахустин бор пас аз сукути дурударозе унвони қаҳрамонии кишварро соҳиб гардида буд, миллатро дар футболи қораӣ намояндагӣ мекард.

Дар соли 2011 қаҳрамони Фаластинро низ ба ин сабқат роҳ доданд ва шумораи дастаҳои муддаиро то ба 12 раосниданд. Шакли сабқат ҳам тағйир ёфт, акнун ду дастаӣ аз се гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоӣ мебаромад ва дар марҳилаи ниҳоӣ шаш даста ба ду гурӯҳи дигар ҷудо мешуданд.

“Истиқлол”-ро қуръа ба гурӯҳи дуввум, ба назди қаҳрамонҳои Мянмар, Бутан ва кишвари тозапайдои Фаластин фиристод. Моҳи майи соли 2011 боз ҳам Мянмар мизбони бозиҳои гурӯҳи худ буд.

“Истиқлол” дар бозии нахустини худ ба осонӣ “Ҷабал ал Мукабир”-и Фаластинро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Дар қисми аввал хатти дифоъи арабҳо хуб кор кард, вале дар дақиқаи 58-ум дар ин девори дифоъ Фатҳулло Фатҳуллоев рахнае дарёфту ҳисобро боз кард. Як дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ арабҳо саргарми талоши мусовӣ боз як контрҳамлаи тоҷиконро роҳ доданд ва Иброҳим Рабимов онҳоро барои ин иштибоҳ ҷазо дод.

Дар бозии дуввум “Истиқлол” ин бор, ки таъми голро чашидаву ба ҳавои мянмар мутобиқ шуда буд, ба қаҳрамони Бутан, дастаи “Йедзин” дарси фтубол нишон дод. Ҳашт голи бидуни посух ва қаҳрамони Тоҷикистон аллакай ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Бозии охир дигар ҳеҷ ҳарфе ҳам намегуфт, чун ҳам қаҳрамони Мянмар ва дорандаи феълии Ҷом – “Яданарбон” ва ҳам “Истиқлол” соҳиби роҳхат буданд. Бо вуҷуд, “Истиқлол” то ки ҷойи аввалро бигирад, талоши пирӯзӣ дошт. Нуриддин Давронов дар дақиқаи 57-ум ҳисоби ин бозиро боз карда буд. Қариб ҳам буд, ки ин гол ягона дар бозӣ бигардад, вале дар саввумин дақиқаи иловагии бозӣ довар ба дарвозаи “Истиқлол” пеналтӣ таъин кард. Ҳисоб 1:1, вале ҷойи аввал ҳамоно аз тоҷикон.

13.05.2011. Янгон, Мянмар. “Истиқлол” 2:0 “Ҷабал ал Мукабир” (Фатҳуллоев 58, Рабимов 89)

15.05.2011. Янгон, Мянмар. “Истиқлол” 8:0 “Йедзин” (Фатҳуллоев 16,30, Д. Восиев 24, Тоҳиров 56, 63, 70, 76, Сабуров 90+2)

17.05.2011. Янгон, Мянмар. “Истиқлол” 1:1 “Яданарбон” (Давронов 57)

Аз гурӯҳи “А” қирғизҳо (на “Дордой” мисли ҳамеша, балки “Нефтчӣ Қочқор-ата”) ва мизбонони бозиҳои он гурӯҳ аз Камбоҷа, ва аз гурӯҳи саввум туркманҳо ва тайваниҳо ба марҳилаи ниҳоӣ баромаданд. Мизбонии марҳилаи ниҳоиро ба Тайван доданд. Шаш дастаро ба ду гурӯҳ тақсим карданд, ки ҳар касе дар гурӯҳаш пирӯз меомад, ба бозии ниҳоӣ мегузашт.

“Истиқлол” дар гурӯҳи аввал дар нахустин бозӣ бо мизбонон – “Тайван Пауэр Компани” бозӣ кард. Аллакай дар қисми аввал дастаи типа “Барқи Тайван” ду гол зад ва тақдири бозиро ҳал намуд. Аввалин бор буд, ки намояндаи Тоҷикистон аз дастаи тайванӣ шикаст мехӯрд. Дар бозии дуввум қаҳрамони Тоҷикистон бо “Балкан”-и Туркманистон бо ҳисоби 1:1 мусовӣ намуд ва аз ҳаққи идомаи бозӣ маҳрум монд.

Марҳилаи ниҳоӣ:

19.09.2011. “Истиқлол” 0:2 “Тайван Пауэр Компани”

21.09.2011. “Истиқлол” 1:1 “Балкан” (Фарҳод Тоҳиров 45+1)

Барои аввалин бор дар таърихи ин сабқат бозии ниҳоӣ бидуни иштироки дастаҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар бозии ниҳоӣ мизбони ин сабқат “Тайван Пауэр Компани” бо “Пномпен Краун” аз Камбоҷа бозӣ кард ва бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

———————————————————————————-

Дар соли 2012 боз ҳам “Истиқлол” Тоҷикистонро дар Ҷом намояндагӣ мекард. Дар ин маврид Мянмарро Конфедеросюни футболи Осиё як қадаме пеш ба сӯи Ҷоми КФО фиристод ва ҷойи ӯро ба Муғулистон дод. Шакли сабқат ба мисли соли гузашта буд. Дар марҳилаи интихобӣ 12 дастаро ба се гурӯҳ тақсим карданд ва ду дастаӣ аз ҳар гурӯҳе ба мраҳилаи ниҳоӣ мерафтанд.

Дар гурӯҳи “А” дебютант аз Муғулистон роҳхатро ба намояндагони Тайвану Покистон ато кард. Воқеан, дар се бозии ин гурӯҳ танҳо як гол зада шуд. J Покистониҳо ҳар ду бозии худро бо сифр мусовӣ карданд ва танҳо муғулҳо дар бозии худ бо тайваниҳо дар дақиқаи саввуми иловагии бозӣ як гол сар доданд, ки ин гурӯҳро аз бунбаст раҳо карду тақдирҳоро ҳал. Қаҳрамони Бангладеш ба Покистон барои бозӣ наомада буд. Дар гурӯҳи дуввум қаҳрамонони Қирғизистон ва Камбоҷа аз қаҳрамонони Бутану Непал беҳтар бозӣ карданд.

Дар гурӯҳи саввум шаҳри Душанбе мизбони қаҳрамонони Фаластин ва Туркманистон буд. Қаҳрамони Шри-Ланка ба Тоҷикистон наомад. Дар бозии нахуст фаластиниҳо дар дақиқаи дуввмуи иловагӣ туркмнаҳоро шикаст доданд. Дар бозии дуввум фаластиниҳо аз голи ягонаи Даврон Эргашев дар дақиқаи 75-ум шикаст хӯрданд. “Истиқлол” баъдан бо ҳиобси 2:1 туркманҳоро ҳам шикаст дод ва ду роҳхат ба марҳилаи ниҳоиро бо фаластиниҳо бо ҳам диданд.

07.05.2012. Душанбе, Тоҷикистон: “Истиқлол” 1:0 “Ал-Амарӣ” Фаластин (Эргашев 75)

09.05.2012. Душанбе, Тоҷикистон: “Истиқлол” 2:1 “Балкан” Туркманистон (Рабиев 41, Д. Восиев 79 пен)

Шаҳри Душанбе ҳамчунин барои охирин бор мизбони бозиҳои Ҷоми президенти КФО низ таъин гардид. Шаш дастаро дар марҳилаи ниҳоӣ ба ду гурӯҳ тақсим карданд, ки ғолибонаш ба бозии ниҳоӣ роҳ меёфтанд. “Истиқлол” дар гурӯҳи бо осонӣ рақибони худ аз Қирғизистону Камбоҷаро шикаст дод ва ба бозии ниҳоӣ баромад.

Марҳилаи ниҳоӣ:

24.09.2012. Душанбе, Тоҷикистон: “Истиқлол” 2:0 “Дордой” Қирғизистон (Эргашев 38, Содиқов 58)

28.09.2012. Душанбе, Тоҷикистон: “Истиқлол” 6:0 “Пномпен Краун” (Д. Восиев 26, Тоҳиров 47, Шарипов 52, Рабимов 58, 90+1, Фатҳуллоев 76)

Дар бозии ниҳоӣ қаҳрамони Тоҷикистон дар ҳузури 20,000 мухлис ва раисҷумҳури Тоҷикистону фарзанди, дар бозие, ки мустақиман аз телевизиони Тоҷикистон намоиш дода мешуд, аввал гол сар дод. Ба назар мерасид, фаластиниҳо аз “Ал-Амарӣ” сенсатсияи таърихӣ хоҳанд кард, вале дар дақиқаи 69-ум Даврон Эргашев умедҳои арабҳоро бар бод дод ва дар дақиқаи 78-ум Дилшод Восиев сенсатсияро бар хок гӯронид.

Чаҳорумин бор буд, ки Ҷоми президенти КФО ба дастаи тоҷикистонӣ мерасид. Ва ҳам охирин бор, чун сар аз соли 2013 ду дастаӣ аз Тоҷикистонро ба Ҷоми КФО роҳ доданд.