“Ргар” ТадАЗ сафҳаи таърихи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми АФК-ро оғоз мекунад. Имрӯз, ҷомдорони Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Бейрут меҳмони “Сафо”-и лубнонӣ мегарданд. Барои нахустин бор дастаҳо аз ин ду кишвар бо ҳам нерӯ месанҷанд.

“Сафо” ҷумъаи гузашта дар сабқати қаҳрамонии Лубнон як мусовие бо дастаи “Тароблус” бо ҳисоби 2:2 кард, ки ин мусовӣ ӯро аз садри ҷадвали Премйер-Лигаи Лубнон фурӯ нишонд. Акнун, рақиби тоҷикон дар сабқати дохилии худ як хол аз “Ал-Наҷма” (Ситора) камтар дорад ва ба бозӣ бар зидди тоҷикон бо табъи хира ба майдон хоҳад баромад.

Акрам Салмон, сармураббии дастаи лубнонӣ дар робита ба бозии нахустин дар Ҷоми АФК гуфтааст:

“Бидуни шубҳа, бозӣ бо “Регар” ТадАЗ бароямон мушкил хоҳад буд, чунки бозии нахустини дастаи мо дар ин сабқат аст, вале мо талош хоҳем кард, то ин сабқатро бо хушҳолӣ оғоз кунем. Мо дар бораи рақибамон иттилоъи зиёде надорем ва ин ҳам кори моро душвортар мегардонад.

Гурӯҳи мо низ осон нест, чун боз дар ин гурӯҳ дастаи нерӯманди баҳрайнӣ ва ҳамчунин Ҷомдори феълӣ аз Кувайт ҳам бозӣ мекунанд. Вале агар дар бозӣ бо тоҷикон мо се хол гирифта тавонем, барои роҳхат ба даври баъдӣ як қадаме хоҳем гузошт”.

“Регар” ТадАЗ, ки хушбахтона аз плей-офф бидуни бозӣ ба сабқтаи гурӯҳӣ роҳ ёфт, чун рақибаш аз Баҳрайн аз бозӣ даст кашид, дар Лубнон талош хоҳад кард, то парчами Тоҷикистонро хам накунад. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи шаҳри Турсунзода гуфтааст:

“Ин бозӣ хеле муҳим аст ва ҳар ду даста ҳам шонси пирӯзиро доранд. Мо барои се хол ба майдон хоҳем баромад, ҳарчанд мо низ дар бораи “Сафо” бисёр намедонем.

Вале нахустин бор аст, ки мо дар чунин як сабқате иштирок дорем ва  бозигарони мо таҷрибаи иштирок дар сабқатҳои қоравиро надоранд. Вале махсусан дар бозии нахустинамон мо талош барои натиҷаи хубе хоҳем кард”.

 

Advertisements