Мураббиёни дастаҳои мунтахаб аз санҷиши ФФТ гузаштанд


Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) санҷиши мураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон баргузор шуд.

Санҷишро комиссияи ФФТ дар ҳайати 6 нафар – дабири кулли ФФТ Фирдавс Файзуллоев (роҳбар), муовини аввали раиси ФФТ Валерий Турсунов, собиқадори футболи тоҷик Салимҷон Султонов, собиқ довари ФИФА Владимир Домуллоҷонов, раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ” Шариф Назаров ва мушовири ФФТ Боир Эгамбердиев анҷом дод.

Мураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар, ки аз ин санҷиш гузаштанд, инҳоянд: Никола Кавазович (мунтахаби миллӣ),Мубин Эргашев (мунтахаби миллӣ ва ҷавонон), Никола Лазаревич (мунтахаби миллӣ), Аслиддин Ҳабибуллоев(мунтахаби ҷавонон ва наврасон), Салоҳиддин Ғафуров(мунтахаби ҷавонон), Нӯъмон Юсуфов (мунтахаби ҷавонон ва наврасон), Қаноат Латифов (мунтахаби наврасон), Шавкат Сатторов (мунтахаби футзал), Дамир Камолиддинов(мунтахаби футзал), Назиршо Ризомов (мунтахаби наврасон),Сулаймон Бобокалонов (мунтахаби занона), Элдар Раҳмонов (мунтахаби занона), Раҷаб Расулов (мунтахаби навҷавонон) ва Насим Набиев (мунтахаби наврасон).

Боир Эгамбердиев, мушовири Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба сомонаи ФФТ гуфтааст, «ин гуна чорабинӣ ба баландшавии дараҷаи тахассусии мураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар равона шудааст. Вазифаи аслӣ на танҳо муайян кардани дараҷаи донишҳои ҳирфаии мураббиён, ҳамчунин, минбаъд ба онҳо барои омӯзиши назарияи таълими футбол кӯмак кардан аст”.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s