Футболбози тоҷик бо дастаи “Жетису” шартнома бастанист


Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари 24-солаи дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, метавонад дар дастаи “Жетису”-и Қазоқистон бозӣ кунад

Давронҷон Эргашев

Давронҷон Эргашев , ки мӯҳлати шартномааш бо бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе ба анҷом расидааст, моҳи январ барои санҷиш ба бошгоҳи «Иртиш»-и Павлодар даъват шуда буд.

Вале ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Давронҷон Эргашев аз эҳтимол дур нест, ки бо бошгоҳи “Жетису”-и Талдиқӯрғон, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Қазоқистон-2011, ки сармураббиаш Омарӣ Тетрадзе, мутахассиси маъруфи русиягӣ мебошад, шартнома бандад. Ҳоло ӯ аз санҷиши тиббӣ мегузарад.

Дарвоқеъ, дастаи «Жетису» соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Қазоқистон ҷойи пеш аз охиринро гирифт, вале мавқеашро дар дивизиони олии Қазоқистон нигоҳ дошт.

Дастаи «Жетису» нахустин бозиашро дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Қазоқистон 9-уми март дар сафар бо тими “Ғайрат”-и Алматӣ анҷом медиҳад.

Бояд тазаккур дод, Давронҷон Эргашев дар дастаи «Истиқлол» аз моҳи январи соли 2011-ум бозӣ мекунад. Ӯ дар ҳайати “Истиқлол” ду сол пеш қаҳрамони Тоҷикистон  гардида, барандаи Ҷоми раиси АФК-2012 мебошад. Ҳамчунин вай ду бор (солҳои 2011, 2012) Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда, порсол барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии кишвар шудааст.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s