Нахустин бозии намояндаи Тоҷикистон дар Ҷоми АФК мухлисони тоҷикро шод кард.

05.03.2013. Бейрут. “Сафо” 1:1 “Регар” ТадАЗ. Голҳо: Аҳмад Аломир 1, Комил Саидов 60 (пеналтӣ).

“Регар” ТадАЗ: Ф. Юлдошев, С. Каримов, Фабрисио Фрейтас, Ф. Чориев, Р. Пайзов, С. Эминов, Х. Маҳмудов (к), Элтон Кардосо, А. Неъматов (Ч. Исмоилов 71), К. Саидов (корти зард –  А. Ҳамроқулов 90+3), Д. Тухтасунов.

Серунвонтарин дастаи Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон, сафҳаи навро дар таърихи футболи тоҷик оғоз кард. Дар гурӯҳи “А”-и Ҷоми АФК дастаи шаҳри Турсунзода бо дастаи “Сафо” як бар як мусовӣ намуд.

Ин даста, ки умдатан дастаи друзҳои лубнонӣ маҳсуб мегардад, дар соли 2008 ҳатто то ба бозии ниҳоии Ҷоми АФК роҳ ёфта буд. Даста ҳанӯз дар соли 1939 таъсис ёфта, дар таърихаш танҳо соли гузашта нахустин бор унвони қаҳрамонӣ дар кишварашро соҳиб гардидааст. Вале Ҷоми Лубнон ва сабқатҳои дигарро дар кишвараш чандин борӣ ба даст овардааст. Дар Осиё танҳо дар ҳамин Ҷоми АФК бозӣ карда, дар соли 2008 то ба бозии ниҳоӣ расидааст.

Хуб, бозии имрӯза. Мутаассифона, оғози бозӣ барои тоҷикон хеле бад буд, чун аллакай дар дақиқаи аввал тӯб вориди дарвозаи тоҷикон гардид. Каме баъдтар Далер Тухтасунов талоши фарангии ниҷериягии “Сафо” бо номи Нгвуро безарар гардонид. Нгву дар охири қисми аввал низ метавонист ҳисобро бештар гардонад, аммо надонист, ки дастаи Тоҷикистон дарвозабоне бо номи Фарҳод дорад.

Дар дақиқаи 60-уми бозӣ лубнониҳо Сафаралӣ Каримовро дар ҷаримагоҳи худ афтониданд ва довари уммонӣ пеналтӣ таъин кард. Голи нахустини Тоҷикистон дар ин сабқатро Комил Саидов зад. Комил дарвозабони арабро ба сӯе ва тӯбро ба сӯи дигар фиристод.

Сесад бинандаи варзишгоҳи Спортс Ситӣ Стэйдиум дигар дар ин бозӣ ҳеҷ голе надиданд, вале шоҳиди бозии пуршиддат ва лаҳзаҳои ҷолибе гардиданд. Қаҳрамони ин бозӣ бидуни ҳеҷ шубҳа Фарҳод Юлдошев, дарвозаи “Регар” ТадАЗ аст, ки ангуштони ду даст ҳам барои шумурдани сэйфҳои ӯ камӣ мекунанд.

Дар бозии дигари гурӯҳи мо ҷомдори феълӣ ва муддаии рақами аввали сабқати имсола “Кувайт” аз шаҳр ва кишвари ҳамномаш дар меҳмонӣ бар “Ар-Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби ду бар сифр пирӯз омад.

Ҳафтаи оянда ин дастаи баҳрайнӣ ба Хуҷанд меояд, то шаҳди боз як шикастро, ин бор аз тоҷикон, бичашад.

“Футболи Тоҷикистон”-ро дар ин торнигор, дар Одноклассники, дар сафҳаи вижаи фейсбукияш ва дар гурӯҳи вижаи фейсбукияш низ пайгирӣ намоед, то фардо низ ҳамроҳ аз бозии хуби “Равшан”-и Кӯлоб шод шавем.

Advertisements