Ҷоми AFC-2013: Имрӯз бозии “Регар” бо “Сафо” дар Бейрут


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода имрӯз, 5-уми март, дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар Бейрут бо тими “Сафо”-и Лубнон рақобат мекунад.

Дастаи «Регар-ТадАЗ

Ба иттилои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, ин бозии гурӯҳи “А”рӯзи 5-уми март соати 17 ба вақти маҳаллӣ ва соати 20 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Дарвоқеъ, бошгоҳи “Регар-ТадАЗ” либоси нави варзиширо барои мавсими соли 2013-ум намоиш дод. Тавре сомонаи бошгоҳ хабар додааст, нисбат ба мавсими соли гузашта дар либоси даста баъзе тағйирот ба амал омадааст.

Дар мавсими нав дар бозиҳо ин даста дар майдони худ бо либоси анъанавии сурху сафед бо ҷузъиёти нав бозӣ хоҳад кард. Дар сафар бошад, дар бисёр мавридҳо футболбозони даста пероҳани рангаш сафед ба бар мекунанд.

Бинобар ширкати дастаи “Регар-ТадАЗ” дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC бар асоси талаботи Конфедератсияи футболи Осиё либос бо рамзҳо истеҳсол шудааст. Чун қоида, дар футболка ё куртаи варзишӣ ба ҷуз рақами бозигар насаби ӯ ва рамзи сарпарасти кулли бошгоҳ – ширкати  «TALCO Management Limited», дар остини курта логотип ё рамзҳои Ҷоми AFC ва «Fair Play» (бозии мунсифона) нақш бастааст.

Ба Бейрут дастаи «Регар-ТадАЗ» дар ҳайати зерин сафар кардааст:

Дарвозабонҳо – Алишер Додов, Фарҳод Юлдошев.

Ҳимоятгарон – Далерҷон Тухтасунов, Фаррух Чориев, Алексей Неъматов, Акмал Сабуров, Сафар Каримов, Баҳодур Азизов, Фрейтас Фабрисио.

Нимҳимоятгарон – Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов, Расул Файзов, Сантос Элтон, Сардорбек Эминов.

Ҳамлагарон – Шодибек Ғаффоров, Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов, Фирӯз Раҳматов.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s