Духтаракони чаҳордаҳсола: Тоҷикистон 2:1 Бутан


Тоҷикдухтарон дар бозии дуввуми худ дар Ҷоми Осиё барои духтаракони 14-сола бар ҳарифи худ ғолиб омаданд!

Мунтахаби 14-солаи духтарони Тоҷикистон имрӯз дар Шри-Ланка дар бозиҳои гурӯҳи “А” бар духтаракон аз Бутан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ аввал дар дақиқаи 14-ум Мавҷуда Сафарова ҳисоби бозиро кушод. Сипас, як дақиқа қабл аз анҷоми қисми аввал капитандухтари тоҷикон ва беҳтарин бозигари ин бозӣ Мӯниса Мирзоева ҳисобро дучанд кард. Бутаниҳо дар қисми дуввум танҳо бо як гол посух дода тавонистанду халос.

Дар бозиҳои дигари ин гурӯҳ Эрон бо се голи бепосух бар соҳибони майдон пирӯз гардид ва Ҳиндустон бо ҳисоби 5:1 Бангладешро шикаст дод.

Пас аз ду давр Эрон ва Ҳиндустон бо шашхолӣ пешсафанд.

Фардо, ҳафтуми март, духтаракони тоҷик бо Бангладеш бозӣ мекунанд ва сипас дар рӯзи ҷашнашон истироҳат хоҳанд кард.

Даври 1-ум. 5-уми март. Тоҷикистон 0:3 Ҳиндустон

Даври 2-юм. 6-уми март. Бутан 1:2 Тоҷикистон (Мавҷуда Сафарова 14, Мӯниса Мирзоева 44)
Даври 3-юм. 7 март (панҷшанбе): Тоҷикистон – Бангладеш.
Даври 4-ум. 9 март (шанбе): Тоҷикистон – Шри-Ланка.
Даври 5-ум. 10 март (якшанбе): Эрон – Тоҷикистон.

 

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s