ХАВИ – беҳтарин партобгар


Хави Эрнандес, яке футболбозоне аст, ки ба синну солаш нигох накарда, бозии хуб нишон дода истодааст. Айни замон синни у ба 33 даромадаасту лекин бештари ҷавононро дар майдон бозӣ медоронад. Ин ҳафта мехоҳем, ки оиди ин футболбоз бо шумоён маълумот орем.

Ҳамаи раќибони дастаи «Барселона» аз бозингари раќамҳои 6, 8 ва 10 дар ҳарос ҳастанд ,ки ин футболбозон Хави, Иниеста ва Месси мебошанд. Нисбат ба дуи онҳо Хави калон аст. Аз Иниеста 4 сол ва аз Месси 7 сол бартарӣ дорад. Ў 25 январи соли 1980 дар шаҳри Терассаи Испания чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Айни ҳол бозингари дастаи «Барселона» ва тими мунтахаби Испания ба ҳисоб меравад. Ду карата чемпиони Аврупо ва як карат чемпиони ҷаҳон мебошад. Соли 2008-ум хамчун бозингари беҳтарини ЕВРО-2008 шинохта шуда буд. Инчунин ҷоизадори медали нуќрагини олимпӣ ҳам мебошад.

Хави яке аз футболбозоне аст, ки дар таърихи футболи «Барселона» аллакай наќш гузоштааст. Ўро тамоми мухлисон хуб мешиносанду аз футболбозити ў баҳра мебаранд. Ҳангоме, ки ў ба тўб соҳиб мешавад, тамоми ҳарифон дар ҳолати ногувор хоҳанд монд. Чунки ин футболбоз метавонад, ки дар ҳамаи лаҳзаҳои дарвозаи ҳарифро дар зери хатар гузорад. Он чунон партофтҳое ба амал меорад, ки нисбат ба ў дар ҷаҳон ҳамтое нест. Ў ҳар сол яке аз асситентҳои беҳтарини олам муаррифӣ мешавад. Инчунин дар як бозӣ ба ҳисоби миёна то 70-80 партофт мекунад, ки ба ин натиҷа ҳам касе расида наметавонад.

Соли 1994-ум Хави аввалин ќадамҳояшро дар ҷодаи футбол монд ва ин хам бошад ба академияи футболи «Барселона» омад ва аз ҳамон сол то инҷониб дар ин даста баромадашро давом дода истодааст.

Аллакай дар соли 1998-ум 18-уми август Хави бозии аввалинашро дар ҳайати асосии тими «Барселона» гузаронид. Он ваќт бозӣ барои дарёфти ҷоизаи суперҷоми Испания байни дастаҳои «Малиорка» ва «Барселона» мерафт.

Ҳоло ин футболбоз капитани дастаи «Барселона» ба ҳисоб меравад, чунки ваќтҳои охир Карлос Пуйол, ки капитани асосӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳисоби захмҳо ба бисёр бозиҳо омода нест.

Иниеста, Хави ва Мессиро журналистони соҳаи варзиш секунҷаи «Барселона» ном мебаранд. Агар аз хам се яке дар майдон набошад, аллакай дарк мекунӣ, ки бозии «Барселона» ба таври дигар рафта истодааст.

«Ҳаёти ман – ин Барса», – гуфта буд як ваќт Хави Эрнандес.

Лекин ба мисли Серхио Рамос ин футболбоз марди оилавӣ аст. Бештари ваќташро бо оилааш мегузаронад. Ў то ҳоло дар Терасса зиндагӣ менамояд. Лекин аз Серхио Рамос, ки ў ҳимоятгари дастаи «Реал Мадрид» ба ҳисоб меравад, фарќияташ ҳамин аст, ки татуировка надорад. Инчунин бо бародаронаш бо компютер футболбоз менамоянд. Шуѓли дўстдоштааш ин чидани замбуруѓ мебошад. Орзуи деринааш ин мактаби футболии «Campos Xavi» кушодан аст ва дар онҷо бо усули «Барселонагӣ» дарс додан мебошад. Дар майдон бо дарвозабони дастаи «Реал» душмани ашадди бошанд ҳам, лекин дар хаёт дўстони ҷонӣ ҳастанд.

Дар бораи оилаи ин футболбоз дар ягон ҷое маълумот дода нашудааст.

Пешниҳоди Шодмон Ҳусейнов, ҳафтаномаи “СИМ-СИМ”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s