Ғайрат Мираҳмадов: «Мекӯшем, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC сазовор намояндагӣ кунем”


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро рӯзи 6-уми март дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Ал-Рамза”-и Урдун анҷом медиҳад.

Ин бозии гурӯҳи “D” миёни дастаи “Равшан” – қаҳрамони Тоҷикистон ва тими “Ал-Рамза” – барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Урдун дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ки ғунҷоишаш 25 ҳазор тамошогар аст, рӯзи чоршанбе соати 17 шурӯъ мешавад. Садҳо мухлисони “Равшан” ба шаҳри Хуҷанд барои дастгирии дастаашон омадаанд.

Пеш аз ин бозӣ рӯзи 5-уми март дар шаҳри Қайроққум, дар Маҷмааи таълимиву тансиҳатии  Бонки миллии Тоҷикистон, нишаcти матбуотӣ бо ширкати сармураббиён ва капитанҳои дастаҳо баргузор шуд.

Ғайрат Мираҳмадов, сармураббии дастаи «Равшан», дар ин нишаст ба хабарнигорон гуфт: «Омодагиро ба Ҷоми АФК мо ҳанӯз моҳи январ шурӯъ карда будем. Якчанд марҳилаи омодагиро дар Кӯлоб, Норак ва дар ин ҷо, дар Қайроққум, анҷом додем. Вазъи фаъолияти бачаҳо хуб аст, ҳама ба мубориза омодаем. Мо ба бачаҳои худ бовар дорем, ки онҳо Тоҷикистонро дар Ҷоми АФК сазовор намояндагӣ мекунанд. Дар ин мавсим ҳайати дастаи моро Давронҷон Тухтасунов, Абдусамад Ҳоҷибоев ва Сайриддин Ғаффоров пурра гардонданд. Дар бораи рақибамон – «Ал-Рамза»-и Урдун маълумоти хеле кам дорам. Мо кӯшиш намудем, ки сабти навори бозиҳои ин дастаро дастрас кунем, вале, мутаассифона, ин корро карда натавонистем. Бинобар ин, ман дар бораи рақибамон чизе гуфта наметавонам. Ва аммо кӯшиш мекунем, ки муқобили рақиб бозии хуб нишон диҳем. Мо ба дастгирии мухлисонамон хеле ниёз дорем.”

Одил Эргашев, капитани дастаи  «Равшан», ба хабарнигорон гуфт: «Мо ба бозӣ бо рӯҳияи баланд ва хеле ҷиддӣ омодаем. Мо рақибро эҳтиром мекунем, вале пеш аз бозӣ тарс надорем. Бо ҳама гуна даста бозӣ кардан мумкин аст ва танҳо баҳри ғалаба бозӣ хоҳем кард. Ба ин нигоҳ накарда, ки мо дар Хуҷанд бозӣ мекунем, бисёр умедворем, варзишгоҳ аз мухлисон пур мешавад ва дар навбати худ мо тамоми кӯшишу ғайрат ва маҳоратамонро баҳри он равона мекунем, ки тамошогаронро маъюс насозем.”

Билол Ал-Лаҳам, сармураббии тими «Ал-Рамза”, дар ин нишаст чунин ибрози назар кард: «Ба мисли «Равшан» мо барои аввалин бор дар Ҷоми АФК  бозӣ мекунем. Дар бораи рақиб ягон тасаввурот надорам. Ман намедонам, ки онҳо чӣ гуна бозӣ мекунанд. Фикр мекунам, ки бозӣ шавқовар мегузарад. Дар бораи дастаи худ бошад, гуфтаниам, ки дар дархости мо чаҳор легионер –  ду нафар аз Кот-д’Ивуар, якнафарӣ аз Лубнон ва Сурия мебошанд. Дар мусобиқаи қаҳрамонии миллии кишвари худ мо алъон дар ҷойи чаҳорум қарор дорем. Боз панҷ бозии дигар мондааст. Мо ба Тоҷикистон шоми дирӯз ба воситаи Истамбул омадем. Парвози мо тӯлонӣ ва хастакунанда буд. Дирӯз мо дар варзишгоҳе, ки бо “Равшан” бозӣ мекунем, тамрин кардем. Ба ман шахсан варзишгоҳ писанд омад, майдонаш бад нест, бозӣ карда мешавад. Мо ба Тоҷикистон на ба ҳайси сайёҳ, балки барои се имтиёз омадаем.”   

Солеҳ Диабат, капитани дастаи «Ал-Рамза», гуфт: «Дар бораи чемпионати Тоҷикистон ман чӣ гуфта метавонам? Ҳеҷ чиз. «Равшан»  барои мо тамоман ношинос аст. Бартарии рақиб дар он аст, ки дар ҳузури мухлисонаш бозӣ мекунад, вале ба ин нигоҳ накарда мо мекӯшем, бар “Равшан” ғолиб шавем ва бо табъи хуш ба хона баргардем.”

Дар ин бозӣ футболбозони «Равшан» бо либоси рангаш бунафш ва бозигарони Урдун бо либоси кабуд ба майдон меоянд.

Advertisements

One thought on “Ғайрат Мираҳмадов: «Мекӯшем, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC сазовор намояндагӣ кунем”

  1. ХАВИ – БЕЊТАРИН ПАРТОФТГАР

    Хави Эрнандес, яке футболбозоне аст, ки ба синну солаш нигох накарда бозии хуб нишон дода истодааст. Айни замон синн у ба 33 даромадаасту лекин бештари љавононро дар майдон бозї медоронад. Ин њафта мехоњем, ки оиди ин футболбоз бо шумоён маълумот орем.
    Њамаи раќибони дастаи «Барселона» аз бозингари раќамњои 6, 8 ва 10 дар њарос њастанд ,ки ин футболбозон Хави, Иниеста ва Месси мебошанд. Нисбат ба дуи онњо Хави калон аст. Аз Иниеста 4 сол ва аз Месси 7 сол бартарї дорад. Ў 25 январи соли 1980 дар шањри Терассаи Испания чашм ба олами њастї боз намудааст. Айни њол бозингари дастаи «Барселона» ва тими мунтахаби Испания ба њисоб меравад. Ду карата чемпиони Аврупо ва як карат чемпиони љањон мебошад. Соли 2008-ум хамчун бозингари бењтарини ЕВРО-2008 шинохта шуда буд. Инчунин љоизадори медали нуќрагини олимпї њам мебошад.
    Хави яке аз футболбозоне аст, ки дар таърихи футболи «Барселона» аллакай наќш гузоштааст. Ўро тамоми мухлисон хуб мешиносанду аз футболбозити ў бањра мебаранд. Њангоме, ки ў ба тўб соњиб мешавад, тамоми њарифон дар њолати ногувор хоњанд монд. Чунки ин футболбоз метавонад, ки дар њамаи лањзањои дарвозаи њарифро дар зери хатар гузорад. Он чунон партофтњое ба амал меорад, ки нисбат ба ў дар љањон њамтое нест. Ў њар сол яке аз асситентњои бењтарини олам муаррифї мешавад. Инчунин дар як бозї ба њисоби миёна то 70-80 партофт мекунад, ки ба ин натиља њам касе расида наметавонад.
    Соли 1994-ум Хави аввалин ќадамњояшро дар љодаи футбол монд ва ин хам бошад ба академияи футболи «Барселона» омад ва аз њамон сол то инљониб дар ин даста баромадашро давом дода истодааст.
    Аллакай дар соли 1998-ум 18-уми август Хави бозии аввалинашро дар њайати асосии тими «Барселона» гузаронид. Он ваќт бозї барои дарёфти љоизаи суперљоми Испания байни дастањои «Малиорка» ва «Барселона» мерафт.
    Њоло ин футболбоз капитани дастаи «Барселона» ба њисоб меравад, чунки ваќтњои охир Карлос Пуйол, ки капитани асосї ба њисоб меравад, аз њисоби захмњо ба бисёр бозињо омода нест.
    Иниеста, Хави ва Мессиро журналистони соњаи варзиш секунљаи «Барселона» ном мебаранд. Агар аз хам се яке дар майдон набошад, аллакай дарк мекунї, ки бозии «Барселона» ба таври дигар рафта истодааст.
    «Њаёти ман – ин Барса», – гуфта буд як ваќт Хави Эрнандес.
    Лекин ба мисли Серхио Рамос ин футболбоз марди оилавї аст. Бештари ваќташро бо оилааш мегузаронад. Ў то њоло дар Терасса зиндагї менамояд. Лекин аз Серхио Рамос, ки ў њимоятгари дастаи «Реал Мадрид» ба њисоб меравад, фарќияташ њамин аст, ки татуировка надорад. Инчунин бо бародаронаш бо компютер футболбоз менамоянд. Шуѓли дўстдоштааш ин чидани замбуруѓ мебошад. Орзуи деринааш ин мактаби футболии «Campos Xavi» кушодан аст ва дар онљо бо усули «Барселонагї» дарс додан мебошад. Дар майдон бо дарвозабони дастаи «Реал» душмани ашадди бошанд њам, лекин дар хаёт дўстони љонї њастанд.
    Дар бораи оилаи ин футболбоз дар ягон љое маълумот дода нашудааст.
    Хафтаномаи “СИМ-СИМ”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s