Бахтиёр Файзуллоев, махсус барои “Футболи Тоҷикистон”

«Равшан» (Тоҷикистон) – «Ал-Рамза» (Урдун) – 0:1
Гол: Мусъаб Ал-Лаҳҳам, 68.
«Равшан» (Тоҷикистон): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Содиқ Мӯсо, Дэвид Мауто, Одил Эргашев (капитан), Сайриддин Ғаффоров (Наврӯз Рустамов, 76), Абдусамад Ҳоҷибоев, Ҳикматулло Расулов (Бахтиёр Ҳасанов, 72), Течи Соломон, Давронҷон Тухтасунов (Индус Ҳусейнов, 74), Нуъмонҷон Ҳакимов.

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ал-Шорта» (Сурия) – 0:1
Гол: Моҳир Ал-Саид, 90+5 – аз пеналтӣ.

Ҷ    Дастаҳо                         И  В  Н  П   М     О
1   «Ал-Рамза» (Урдун)         1   1   0   0   1-0    3
2   «Ал-Шорта» (Сурия)         1   1   0   0   1-0    3
3   «Равшан» (Тоҷикистон)    1   0   0   1   0-1    0
4   «Ал-Қодсия» (Кувайт)      1   0   0   1    0-1    0

АКСҲО АЗ БОЗИИ “РАВШАН” ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Яке аз сабабҳои бохти “Равшан”-и Кӯлоб дар вохӯрӣ бо дастаи Урдун ба қадрӣ кофӣ анҷом надодани корҳои тарғиботӣ барои ҷалби бештари мухлисон аз сӯи дастандакорон буд. Воқеан холӣ будани майдон дар ин бозии байналмилалӣ бозгӯ аз ин ҳол буд. Интизор мерафт, ки ба мисли вохӯрии тими миллӣ дар варзишгоҳ ҷои партофти сӯзан ёфт нашавад… Ин дар ҳолест, ки барои гузаронидани дигар чорабиниҳо он қадар корҳои тарғиботӣ гузаронида мешавад. Барои “Равшан”, ки дар ин вохӯрии байналмилалӣ Тоҷикистони азизро муаррифӣ мекард, бояд барои ҷалби бештари мухлисон чораҳои зарурӣ андешида мешуд. Барои дастгирии тим беш аз се ҳазор мухлисон аз шаҳри Кӯлоб омаданд. Воқеан дастгирии мухлисони “Равшан” боиси таҳсин аст. Бо шеъраку шиорҳои ҷолибе!

Дар оғози бозӣ ҳар ду даста эҳтиёткорона бозӣ мекарданд. Дар ҳуҷум канори рости Рамса фаъолтар буд назар. Равшан бошад, дар мобайни майдон бартарӣ дошта, аз ин ҷо ҳуҷумҳояшро ташкил мекард. Баъд аз 10 дақиқаи аввал Равшан бозиро зери назорати худ гирифта, пайваста ба ҳуҷум мегузашт. Аммо дар интиҳои ҳуҷум ба иштибоҳ ё саросемагӣ роҳ медод. Аз ҷумла то дақиқаҳои бистуми вохӯрӣ тӯбҳои задаи Равшан ду се даъфа болотар аз болочӯб ва ё аз назди паҳлучӯб гузашта тарки майдон мекарданд. Чанд даъфаи дигар бошад дарвозабон садди роҳи тӯб мегашт. Як бор муҳофизи Рамса тӯбро бо сараш аз хатти дарвоза зада баровард. Пештар аз ин бошад муҳоҷими Равшан як имкони хуби саддарсадаи голзаниро аз даст дода буд.

Ҳарчанд муҳофизони Рамса бе хато бозӣ кунанд ҳам, аммо фишоре, ки муҳоҷимони Равшан меоварданд, онҳоро асабонӣ мекард. То охири қисми аввал тоҷикистониён қариб 20 лаҳзаи мусоид сохтанд. Аммо дар поёни қисми аввал дарвозабони Равшан ҳунари воло нишон дода, дарвозаро аз гол  эмин дошт. Дар ҳуҷуми ҷавобӣ урдунӣ ба майдончаи ҷаримавӣ дохил шуда бо зарбаи сахт тӯбро ба кунҷи аз худ дури дарвоза равона сохт, дарвозабон тавонист бо нӯгҳои ангуштонаш самти тӯбро дигар созад.

Дар қисми аввали бозӣ ҳариф асосан бо партобҳои дароз бозиашро пеш мебурд. Хатти ҳимояашро дар шакли зонавӣ ташкил карда буд. Равшан ҳуҷумашро дар оғози бозӣ аз марказ баъдтар аз канорҳо фаъолона ташкил мекард. Ҳамин тариқ қисми аввал бо бартарии Равшан ва ду лаҳзаи хатарнок ба анҷом расид. Чунин менамуд, ки дар қисми дуюм Равшан фишорашро зиёд намуда, ба задани гол муваффақ мегардад.

Аммо аз оғози қисми дуюм маълум гашт, ки кӣ ҳарифашро пурра омӯхт ва хулосаи даркориашро баровард. Урдуниҳо бо ду муҳоҷим ба пеш мерафтанд, аз пас онҳоро нафаре дастгирӣ мекард. Дар сурати аз даст додани тӯб меҳмонон ҳарифро дар нимаи майдони Равшан «пешвоз» мегирифтанд ва дар нимаи майдони ӯ прессинг мекарданд. Равшан бошад, баръакс, ҳарифро дар наздикиҳои майдончаи ҷаримавии худ пешвоз мегирифт, ки он ба ҳариф имконоти бештарро медод. Дигар бартарии баръалои дар қисми аввал доштаи Равшан дида намешуд. Ал-Рамса бозиро дуртар аз дарвозаи худ нигоҳ медошт ва муддате зери назорати худ гирифта буд. Бозигарони Равшан як қадар хаста шуда буданд ва дар техникаву тактика ба иштибоҳ роҳ медоданд. Дар нимаи қисми дуюми бозӣ «дарди футболи тоҷик» Равшанро хурӯҷ кард, байни хатти ҳуҷум ва ҳимояи Равшан фосилаи беш ба вуҷуд омад. Меҳмонон аз ин истифода бурда, дарвозаи тоҷикистониёнро рахна сохтанд.

Аҷибаш он буд, ки Равшан дигар паи ислоҳи ин хатояш набуд. Балки бо иваз намудани бозигарон хатти ҳуҷумашро пурқувват месохту халос. Аммо ивазкуниҳо ҳусни бозиро дигар накарданд.  Баъди задани гол боз чанд муддат Ал-Рамса бозиро дар мобайн нигоҳ дошта, оҳиста-оҳиста ба ҳимоя гузашт. Фақат як нафар дар пеш буду дигар ҳама бехато дар хатти дифоъ буданд ва ҳатто «дар доираи қоида» вақтро кашол медоданд.

Дар муддати боқимонда Равшан ҳуҷумҳои пайдарпай мекард, вале ҳамаи он бенатиҷа анҷом меёфт. Ҳимоятгарони ҳариф ба зарбазанӣ имкон намедоданд ва ё тӯбҳои задашуда боло аз болочӯб ё аз назди паҳлучӯб мегузаштанд. Меҳмонон бошанд аз контрҳуҷум истифода бурда, чанд лаҳзаи хатарнок сохтанд. Ба вақти асосӣ 3 дақиқа илова шуд. Ва он низ барои мо бесамар буд.

Ҳамин тариқ Равшан бозии аввалинаш дар Ҷоми Осиё бо шикаст оғоз намуд.

Дар нишасти матбуотӣ мураббиёни ҳарду даста аз ҳунарнамоии футболобозон қаноатманд буданд.

Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии дастаи “Равшан”: «Ин аввалин бозии мо дар Ҷоми АФК буд. Ба фикрам, мо хуб бозӣ кардем, вале, мутаассифона, лаҳзаҳои голзаниро истифода карда натавонистем. Дар футбол як қоидаи маъмул аст: агар ту гол назанӣ, ба ту гол мезананд. Рақибамон аз имконияти худ истифода бурд ва муваффақ гашт. Ҳар як бохт ин дарс аст. Мо аз ин хулосаи даркорӣ мебарорем ва дар бозиҳои оянда хубтар бозӣ хоҳем кард”.

Билол Ёсин Салим Ал-Лаҳҳам, сармураббии дастаи «Ал-Рамза”: «Ин бозӣ барои мо осон набуд. Мо дар бораи “Равшан” пеш аз ин маълумоти зиёд надоштем. Ва аммо рақибро хуб омӯхтем ва дар нимаи дувуми бозӣ баъзе тағйироте, ки дохил кардем, ба фоидаи кор шуд ва як гол зада, бозиро бурдем. Аз бозигарон сипосгузорам, ки дастури маро ба ҷо оварданд. Албатта, ғалаба ба мо ба осонӣ муяссар нашуд. Ман хеле хушҳолам, ки мо се имтиёз ба даст овардем. Ва акнун ба бозии навбатӣ омодагӣ мебинем”.

Бозии дувуми “Равшан” дар Ҷоми AFC 13-уми март дар меҳмонӣ бо тими “Ал-Шорта”-и Сурия барпо мегардад. Бинобар вазъи ноустувори сиёсӣ дар Сурия ин бозӣ дар майдони бетараф – дар шаҳри Аззаркаи Урдун, дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад, ки ғунҷоишаш 17 ҳазор тамошогар аст, баргузор мешавад.

Advertisements