Духтарчаҳакҳои 14-солаи тоҷик дар нахустин сабқати минтақавии Осиёи Ҷанубиву Марказӣ миёни духтарони ҳамсоли худ дар Шри-Ланка дар миёни шаш даста ҷойи панҷумро гирифтанд.

Имрӯз, 10-уми март, тоҷикдухтарон дар охирин бозии худ аз Эрон бо ҳисоби 1:7 шикаст хӯрданд. Як рӯзи қабл ҷавондухтарони тоҷик аз Шри-Ланка низ бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда буданд.

Ғолиби сабқат дар ин минтақа мунтахаби Ҳиндустон гардид.

Даври 1-ум. 5-уми март. Тоҷикистон 0:3 Ҳиндустон

Даври 2-юм. 6-уми март. Бутан 1:2 Тоҷикистон (Мавҷуда Сафарова 14, Мӯниса Мирзоева 44)
Даври 3-юм. 7 март: Тоҷикистон 2:2 Бангладеш (Мавҷуда Сафарова 35, 38).
Даври 4-ум. 9 март:Тоҷикистон 1:4 Шри-Ланка.
Даври 5-ум. 10 март:  Тоҷикистон 1:7 Эрон.

 

Advertisements