Собиқ дарвозабон ёвари Никола Кавазович шуд


Аслиддин Ҳабибуллоев, собиқ дарвозабони маъруф, вазифаи мураббии калони дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт.

Аслиддин Ҳабибуллоев (аз рост)

Вай дар ин вазифа муваққатан Мубин Эргашевро, ки моҳи гузашта сармураббии дастаи «Хуҷанд”-и Хуҷанд таъин шуд, иваз намуд. Эргашев , ки дар айни ҳол дар тими “Хуҷанд” бе ёвар аст, имкони бо дастаи мунтахаби кишвар ба шаҳри Бишкек рафтанро надорад.

Аслиддин Хабибуллоев, ки таҷрибаи ғанӣ дорад, ҳамзамон мураббии дарвозабонҳои мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович аз 17-ум то 21-уми март дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК-2014 дар пойтахти Қирғизистон ширкат хоҳад кард.

Мунтахаби Тоҷикистон гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат мекунад. Бозиҳо дар Бишкек, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов баргузор мешаванд.

Ба шаш бозии ин мусобиқа 4 сардовар, 5 ёвари сардовар, 2 комиссар ва як нозири доварон хидмат мерасонанд. Инҳо доварони ФИФА Ҷамол Ҷумъа Абдулҳасан Муҳаммад (Баҳрайн), Алӣ Сабоҳ Аддаӣ Ал-Касӣ (Ироқ), Масъуд Туфайлӣ Ҷамил Найфӣ (Сурия) ва Умар Алӣ Абдулло Ҷумъа Алнабӣ (АМА); ёварони сардовар Абдуллоҳ Толиб (Лубнон), Алӣ Маяд Муҳаммад Алӣ (Ироқ), Закариё Қанат (Сурия), Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Алҳамадӣ (АМА) ва Ал-Ҳасанӣ Алӣ Муҳаммадд Аҳмад (Яман) мебошанд. Комиссарони бозиҳо – Чанг Чин-По (Тайван) ва Лин Вейгу (Чин), нозири доварон – Муроди Масъуд Ҳасаналӣ (Эрон).

Панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд. Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s