Ҷоми AFC-2013: Бохти «Регар” ба “Кувайт” бо ҳисоби 1:3


Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC- Конфедератсияи футболи Осиё аз тими «Кувайт»-и Кувайт бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “А” рӯзи 2-юми апрел дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳузури 8000 тамошогар баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 17-ум бозигари кувайтиҳо Иссом Ҷумъа боз кард. Вай дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 58-ум голи дувумро ба ҳадаф расонд. Голи севумро Роҷерио Де Силва дар дақиқаи 65-ум зад. Як голи “Регар-ТадАЗ”-ро Фирӯз Раҳматов дар замони изофӣ (90+4) ба самар расонд.

Дар ҳамин ҳол дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Сафо”-и Лубнон ва “Регар-ТадАЗ” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Сафо” дар ҷойи севум ва “Регар-ТадАЗ” дар ҷойи охирин – 4-ум қарор доранд.

Бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “А”  2-юми апрел миёни дастаҳои “Сафо”-и Лубнон ва “Ал-Риффа”-и Баҳрайн барпо мегардад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 3-юми апрел бозии даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро дар сафар бо тими “Ал Қудсия”-и Кувайт анҷом медиҳад.

Ин бозии гурӯҳи “D” дар варзишгоҳи Муҳаммад Ал Ҳамади пойтахти Кувайт баргузор мешавад. Бозии дигари даври севум дар ин гурӯҳ 3-юми апрел миёни дастаҳои “Ал-Шорта”-и Сурия ва “Ал-Рамза”-и Урдун барпо мегардад.

Баъди ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Шорта” бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои “Ал-Қудсия” ва “Ал-Рамза” бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s