Бохти “Равшан” ба “Ал Қудсия” дар Кувайт бо ҳисоби 0:3


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2013 дар Кувайт аз тими “Ал Қудсия» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Нарзуллоҳи Латиф, www.ozodi.org 

Ин бозии гурӯҳи “D” миёни тими “Ал Қудсия”, қаҳрамони 15-каратаи Кувайт, ва дастаи «Равшан», қаҳрамони феълии Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 3-юми апрел дар варзишгоҳи Муҳаммад Ал Ҳамади пойтахти Кувайт бо ҳузури 600 тамошогар баргузор шуд.

Ду голи мизбононро ҳамлагар Бадер Ал Мутва дар дақиқаҳои 26-ум ва 88-ум ба ҳадаф расонд. Як голи дигарро ҳимоятгар Одил Эргашев, капитани «Равшан», дар дақиқаи 68-ум ба дарвозаи дастааш зад.

Ҳайати дастаи «Равшан» дар ин бозӣ чунин буд:
Рустам Ризоев, Содиқ Мусо, Девид Мауто, Одил Эргашев (капитан), Сайриддин Ғаффоров, Абдусамад Ҳоҷибоев, Ҳикматулло Расулов (Нуъмонҷон Ҳакимов, 70), Саламон Таки (Наврӯз Рустамов, 83), Давронҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов ва Бахтиёр Ҳасанов (Индус Ҳусейнов, 66).
Менеҷери даста: Дилшод Шарифов
Сармураббӣ: Ғайраталӣ Мираҳмадов.
Огоҳонида шуд: Абдусамад Ҳоҷибоев дар дақиқаи 71-ум.

Дарвоқеъ, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе низ, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, 27-уми март дар як бозии санҷишӣ аз тими “Ал Қудсия” бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буд.

Дар бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “D” дастаи “Ал Шорта”-и Сурия бозиро дар майдони худ ба тими “Ал Рамза”-и Урдун бо ҳисоби 0:1 бохт.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан”дар нахустин бозиаш дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал Рамза” бо ҳисоби 0:1 ва дар бозии дувумаш дар сафар аз тими “Ал Шорта” бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуда буд.

Баъди се даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” тими “Ал Қудсия” бо 6 имтиёз пешсаф шуд. Дастаҳои “Ал Шорта” ва “Ал Рамза” низ 6-имтиёзӣ ба даст овардаанд ва мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз ва бидуни гол дар зинаи охирин – чорум қарор дорад.

Дастаи «Равшан» дар даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC рӯзи сешанбеи 9-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд, дар  варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», бо тими “Ал Қудсия” рақобат мекунад.

Advertisements

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s