Ду химоятгари асосии РегарТадази ш.Турсунзода ва тими миллии кишвар Далер Тухтасунов ва Алексей Негматов перохани Равшани Кулобро ба бар хоханд кард. Хабари аз РегарТадаз рафтанро худи бозигарон пештар дар “ВС” тасдик карда буданд. Равшани Кулоб, ки кахрамони феълии Точикистон мебошад, хайъаташро дар ин мавсим боз пуркувват намуд. Тибки низомномаи AFC ин ду бозигар ба дастаи Равшан дар бозихои гурухии Чоми AFC ёрдам дода наметавонанд, зеро аз дастаи РегарТадаз аллакай дар ин мусобикот хунарнамои намудаанд.
Равшани Кулоб, ки аз даври якум озод буд, дар даври дуюм Энергетики Душанберо дар майдони худ кабул хохад кард.
Ёдовар мешавем, ки бозии охирони даври якум байни дастахои Энергетик ва Истаравшан дар варзишгохи Авиатори Душанбе соати 16-00 баргузор мегардад.

Advertisements