Ҷоми AFC: Бохти дувуми “Равшан” ба “Ал Қудсия” бо ҳисоби 1:3


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) имрӯз, 9-уми апрел, дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал Қудсия”-и Кувайт бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Нарзуллоҳи Латиф, Ozodi

09.04.2013

Ин бозии гурӯҳи “D” миёни дастаи «Равшан», қаҳрамони феълии Тоҷикистон ва тими “Ал Қудсия”, қаҳрамони 15-каратаи Кувайт, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳузури 4 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Дар дақиқаи 2-юми бозӣ Течи Саламон, легионери африқоии “Равшан”, ҳисобро боз кард. Воқеан, ин голи аввалини “Равшан” дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Баъди 17 дақиқа голи ҷавобиро бозигари меҳмонон Фаҳд Ал-Иброҳим ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 43-юм Бадер Ал Мутва, ҳамлагари кувайтиҳо, голи дувуми дастаашро зад.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:2 анҷом ёфт. Дар нимаи дувум, дар дақиқаи 58-ум боз тӯбро Бадер Ал Мутва вориди дарвозаи мизбонон кард. Дарвоқеъ, Бадер Ал Мутва дар ду бозӣ ба дарвозаи “Равшан” 4 гол задааст.

Бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “D” миёни дастаи мизбон – “Ал Рамза”-и Урдун бо тими “Ал Шорта”-и Сурия имрӯз, соати 20 ба вақти Душанбе барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, дастаи “Равшан” дар бозии даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC дар гурӯҳи “D” 3-юми апрел дар варзишгоҳи Муҳаммад Ал Ҳамади пойтахти Кувайт аз тими “Ал Қудсия» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд. Ду голи мизбононро ҳамлагар Бадер Ал Мутва дар дақиқаҳои 26-ум ва 88-ум ба ҳадаф расонд. Як голи дигарро ҳимоятгар Одил Эргашев, капитани «Равшан», дар дақиқаи 68-ум ба дарвозаи дастааш зад.

Дар айни ҳол дар гурӯҳи “D” тими “Ал Қудсия” бо 9 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои “Ал Шорта” ва “Ал Рамза” бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи “Равшан” бидуни хол ва як гол дар зинаи охирин – чорум қарор дорад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s