Рақибони Тоҷикистон дар «Ҷоми Каспий» – Уругвай ва Ҷопон


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Каспий» дар шаҳри Боку иштирок хоҳад кард.

Ин мусобиқаи анъанавӣ дар пойтахти Озарбойҷон аз 28-уми май то 6-уми июн бо ширкати 12 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ баргузор мешавад. Дар мусобиқа футболбозони синнашон то 17-сола бозӣ мекунанд. 

 Дар айни ҳол футболбозони навраси Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар шаҳри Норак тамрин карда, ба ин мусобиқаи пурнуфуз омодагӣ мебинанд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ ба гурӯҳи «D» шомил аст ва бо тимҳои Уругвай ва Ҷопон рақобат мекунад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро соҳиб мешаванд, барои ҷойҳои 5-8-ум ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охирин қарор мегиранд, барои ҷойҳои 9-12-ум бозӣ хоҳанд кард.

Ҳайатҳои гурӯҳҳо чунинанд:

Гурӯҳи «А»:  Озарбойҷон, ИМА, Қирғизистон.
Гурӯҳи «В»:  Қазоқистон, Булғористон, Гурҷистон.
Гурӯҳи «С»:  Туркия, Узбакистон, Урдун.
Гурӯҳи «D»:  Уругвай, Ҷопон, Тоҷикистон.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s