Суарес: «Наздик нашав, мегазам» (видео)


Матн аз Озодӣ

Футболбози дастаи Ливерпул Луис Суарес боз як рақибашро ҳадафи дандонҳои тезаш қарор додааст.

Ҳамлагари дастаи англисии Ливерпул Луис Суарес бори дигар қаҳрамони ҷанҷол шудааст. Рӯзи якшанбе дар бахши дуюми қуваозмоии Ливерпул бо дастаи Челсии Лондон ӯ бозуи муҳофизатгари Челсӣ Бранислав Ивановичро ҳадафи дандонҳои тезаш қарор дод. Довар ин амали Суаресро надид ва имкон дод, ки бозӣ идома ёбад. Шояд Иванович аз дандонҳои Суарес тарсид, ки баъди чанд дақиқа ӯ тавонист ба дарвозаи Челсӣ гол занаду бозӣ бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 ба анҷом расад. Ҳамлаи Суаресро ҳаводорони футбол дар шабакаи Youtube ҷой додаанд:

Баъди қуваозмоӣ Суарес ба Иванович занг зада, расман маъзарат хост. Иванович мегӯяд, ки маъзаратро қабул карда, ба ҷое шикоят нахоҳад кард. Аммо раҳбарони Лигаи олии футболи англисӣ тасмим гирифтаанд, ин ҳодисаро тафтиш кунанд. Чанд сол пеш вақте Суарес  дар дастаи Аякси Ҳолланд ҳунарнамоӣ мекард, ӯ футболбози дастаи ПСВ Эйнҳовен Усмон Бокалро ҳам газида, бар иловаи ҷаримаи вазнин аз ширкат дар 8 қуваозмоӣ маҳрум шуда буд.   Газидани рақиб дар қуваозмоӣ бори аввал дар бокс мушоҳида шуда буд. Дар қуваозмоӣ  барои Ҷоми ҷаҳонӣ дар бокси ҳирфаӣ муштзани амрикоӣ Майк Тайсон гӯши рақиби амрикоияш Эвандер Ҳолифилдро газида аз тан ҷудо карда буд. Ҳамчунон дар олимпиадаи соли 2008-ум муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар ҷараёни қуваозмоӣ рақибашро газиду худро аз медали биринҷӣ маҳрум кард.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s