Ҷоми AFC: Бохти “Регар” ба “Сафо” бо ҳисоби 2:3


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон, дар даври панҷуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 аз тими меҳмон – “Сафо”-и Бейрути Лубнон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Ин бозии гурӯҳи “А” дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” баргузор шуд. Фирӯз Раҳматов, бозигари дастаи “Регар-ТадАЗ”,  дар ин бозӣ ҳисобро кушод. Вале дар дақиқаи охирини нимаи аввал меҳмонон тӯбро вориди дарвозаи мизбонон карда, ҳисобро баробар намуданд.

Дар дақиқаҳои аввали нимаи дувуми бозӣ меҳмонон голи дувумро ба самар расонда, ҳисобро ба нафъи худ карданд. Вале баъдан дарвозабони онҳо корти сурх гирифт ва аз майдон хориҷ шуд. Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари “Регар-ТадАЗ”, тӯбро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд ва ҳисобро баробар намуд – 2:2.

Баъди анҷоми замони асосӣ сардовар се дақиқа вақти иловагӣ дод ва ба меҳмонон муяссар шуд, ки голи севум ва ҳалкунандаро ба дарвозаи мизбонон зананд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин бозии дастаи “Регар-ТадАЗ” рӯзи 5-уми март дар сафар бо тими “Сафо” бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд.

Гурӯҳи “А”. Даври 5-ум
“Регар-ТадАЗ” (Тоҷикистон) – “Сафо” (Лубнон) – 2-3

Голҳо: Фирӯз Раҳматов, 31 (1:0), Нгву Ученна Самуэл, 43 (1:1), Аҳмад Аломир, 53 (1:2), Аҳтам Ҳамроқулов, 82 (аз пеналтӣ, 2:2), Муҳаммад Ҳайдар, 90+2 (2:3).

Сардовар: Хамис Муҳаммад Ал Маррӣ (Қатар).

Дар дақиқаи 79-ум Меҳдӣ Каҳлил, дарвозабони “Сафо” корти сурх гирифт ва аз майдон хориҷ шуд.

Огоҳонида шуданд: Сафаралӣ Каримов, 58, Фирӯз Раҳматов, 83, Расул Файзов, 85 (ҳарсе аз дастаи “Регар-ТадАЗ”).

24-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”. 3000 тамошогар. 

Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт”-и Кувайт низ 24-уми апрел дар майдони худ аз тими “Ал Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Дар ҳамин хол дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Ал-Риффа” бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум ва дастаи  “Сафо”бо 7 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо як имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 4-15)  дар ҷойи охирин – 4-ум қарор дорад.

Дар даври шашум ва охирини мусобиқаи гурӯҳӣ, ки рӯзи 1-уми май баргузор мешавад, дастаи “Регар-ТадАЗ” дар Баҳрайн бо тими “Ал Риффа” ва дастаи “Сафо” дар майдони худ бо тими “Кувайт” рақобат хоҳанд кард.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s