Рақибони дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон муайян шуданд


Дар қарогоҳи Конфедератсияи футболи Осиё – Куала-Лумпур қуръакашии мусобиқаи интихобии қақрамонии Осиё байни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) баргузор шуд.

Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Аз рӯи қуръакашӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти рахбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки ба гурухи «А» шомил шуд ва бо тимҳои Кувайт, Хиндустон, Лубнон ва Бутан рақобат мекунад. Бозиҳои ин гуруҳ тирамоҳи соли равон дар Ал-Кувайт барпо мегардад.

Ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар гуруҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони Тоҷикистон тимҳои Эрон, Арабистони Саудӣ ва Лубнон мебошанд. Бозиҳо дар пойтахти Эрон –Теҳрон тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешаванд.

Ғолибони 9 гуруҳ, инчунин, 6 дастаи беҳтарини ҷойхои дувум ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки мохи октябри соли 2014 дар Мянмар барпо мегардад, роҳхат мегиранд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16): 
Гуруҳи«А»: Кувайт (мизбон), Ҳиндустон, ТоҶикистон, Лубнон, Бутан.
Гуруҳи «В»: Узбакистон (мизбон), Яман, Фаластин, Молдив.
Гуруҳи «С»: Ироқ, Бахрайн, Непал (мизбон), Туркманистон.
Гуруҳи «D»: Сурия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Урдун (мизбон).
Гуруҳи «Е»: Эрон, АМА, Покистон (мизбон), Шри-Ланка.
Гуруҳи «F»: Умон, Қатар, Бангладеш, Қирғизистон (мизбон).
Гуруҳи «G»: Австралия, Сингапур, Хонконг, Тайван, Макао.
Гуруҳи «Н»: Кореяи Чанубӣ, Лаос (мизбон), Малайзия, Гуам, Бруней.
Гуруҳи «I»: Чин, Кореяи Шимолӣ, Мянмар, Чазоири Мариани Шимолӣ.
Гуруҳи «J»: Чопон, Индонезия, Вйетнам, Филиппин.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон  (U-19): 
Гуруҳи «А»: Узбакистан, Қатар (мизбон), Хиндустон, Туркманистан, Непал.
Гуруҳи «В»: Урдун (мизбон), АМА, Яман, Молдив, Афғонистон.
Гуруҳи« С»: Ирок (мизбон), Кувайт, Покистон, Бангладеш.
Гуруҳи «D»: Эрон (мизбон), Арабистони Саудӣ, Лубнон,Тоҷикистон.
Гуруҳи «Е»: Сурия, Умон, Баҳрайн, Фаластин (мизбон).
Гуруҳи «F»: Австралия, Вйетнам, Тайван, Муғулистон, Хонконг (мизбон).
Гуруҳи «G»: Кореяи Чанубб, Индонезия (мизбон), Лаос, Гуам, Филиппин.
Гуруҳи «Н»: Кореяи Шимолӣ, Тайланд (мизбон), Сингапур, Бруней.
Гуруҳи «I»: Ҷопон, Чин (мизбон), Малайзия, Макао.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s