Мусовии “Регар” бо “Ал Риффа” дар Баҳрайн


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозии даври шашум ва охирини мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2013-ро рӯзи 1-уми май дар сафар бо тими “Ал Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 1-1 анҷом дод.

Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Ин бозии гурӯҳи “А”дар Варзишгоҳи миллии пойтахти Баҳрайн – Манама бо ҳузури 200 тамошогар баргузор шуд.Сардорбек  Эминов, легионери узбакистонии “Регар-ТадАЗ”, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 71-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди 13 дақиқа Аҳмад Алдунӣ, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд.

Маъруф Рустамов, сармураббии “Равшан”, дар бораи натиҷаи ширкати дастааш дар Ҷоми AFC ба радиои Озодӣ чунин гуфт:“Мо аввалин бор дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кардем ва аз рақибони пурқуввати худ бисёр чиз омӯхтем. Футболбозони мо таҷоруби хуби бозии байналмилалӣ касб карданд. Мо дар оянда, албатта, кӯшиш мекунем, ки тайёрии хуб бинем ва ба натиҷаҳои баланд ноил шавем.” 

Дар бозии дигари ин гурӯҳ рӯзи чоршанбе дастаи “Сафо”-и Лубнон бар тими меҳмон – “Кувайт”-и Кувайт бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 15-6)  ҷойи аввалро соҳиб гашт ва ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт . Тими “Ал-Риффа” бо 10 имтиёз (9-6) дар ҷойи дувум  ва дастаи  “Сафо” бо 10 имтиёз (7-8) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 2 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 5-16) дар зинаи охирин – 4-ум ҷойгир шуд.

Ёдовар мешавем, намояндаи дигари Тоҷикистон – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони кишвар, дар бозии даври шашум ва охирини мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC- 2013 аз тими меҳмон – “Ал Шорта”-и Сурия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “D” рӯзи 30-юми апрел дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо ҳузури 1700 тамошогар баргузор шуд.

Голҳои “Ал Шорта”-ро Муҳаммад Алвакид ва Аҳмад Калласӣдар нимаи аввали бозӣ ва Аммар Закоур дар нимаи дувум ба ҳадаф расонданд. Як голи “Равшан”-ро Давронҷон Тухтасуновдар дақиқаи 41-ум зад.

Бозии дигари ин гурӯҳ шоми сешанбе миёни дастаҳои “Ал Қудсия”-и Кувайт ва “Ал Рамза”-и Урдун бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Ба ин тартиб дар гурӯҳи “D” тими “Ал Қудсия” бо 13 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 13-4) мақоми аввалро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Тими “Ал Шорта” бо 12 имтиёз (8-5) дувум шуд. Дастаи “Ал Рамза” бо 10 имтиёз (10-7) дар ҷойи севум қарор гирифт. Вале дастаи “Равшан”, ки ҳамаи 6 бозиро бохт, бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 2-17) дар зинаи охирин – 4-ум ҷойгир шуд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s