Пирӯзии «Истиқлол», «Парвоз», «Равшан» ва «Хуҷанд»


Рӯзҳои 4 ва 5 май 4 бозии даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ доир шуд.

Рӯзи 4 май дастаи мизбон – «Энергетик»-и Душанбе – дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар аз тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол” ва беҳтарин голзани мусобиқа, дар дақиқаи 21-ум ҳисобро боз кард. Ин голи 5-уми Дилшод дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Тӯби дувумро Соҳиб Саванқулов дар дақиқаи 38-ум бо сар вориди дарвоза намуд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 65-ум Дилшод Восиев зарбаи ҷаримавии 11-метра зад, вале тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.Дар бозии дигари рӯзи 4 май дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бар тими  «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро дар нимаи аввали  бозӣ, дар дақиқаи 39-ум Ихтиёр Қобилов ба ҳадаф расонд.

Ду бозии дигари даври панҷум рӯзи якшанбе, 5-уми май барпо гардид. Дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ аз тими  “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голро дар нимаи дувуми бозӣ Индус Ҳусейнов ба самар расонд.

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бар тими меҳмон –  «Истаравшан»-и Истаравшан бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Муҳаммад Гулипур, легионери эронии «Хуҷанд», дар дақиқаи 73-юм ва Манучеҳр Аҳмадов дар дақиқаи 86-ум заданд.

Бозии охирини даври панҷум рӯзи душанбе, 6-уми май миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода  – “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ доир мешавад.

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 5 гол, Бахтиёр Ҳакимов («Панҷшер») ва Юҷин Сепуйя («Истиқлол») – 2-голӣ.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум.

4-уми май, шанбе.

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) – «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) – 0-2. Душанбе. Варзишгоҳи “Авиатор”. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Голҳо: Дилшод Восиев, 21 (1:0), Соҳиб Саванқулов, 38 (2:0). Дар дақиқаи 65-ум Дилшод Восиев зарбаи ҷаримавии 11-метра зад, вале тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) – «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) – 1:0. Гол: Ихтиёр Қобилов, 39. Ноҳияи Б. Ғафуров. Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

5-уми май, якшанбе.

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – «РАВШАН» (Кӯлоб) 0-1. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофаи ҶТ. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Гол: Индус Ҳусейнов (нимаи дувум).

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) – «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – 2:0. 
Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Голҳо: Муҳаммад Гулипур, 73 (1:0), Манучеҳр Аҳмадов, 86 (2:0).
 
6-уми май, душанбе.
Оғози бозӣ – соати 17.00.

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) – «ПАНҶШЕР» (Ҷалолиддини Румӣ).Турсунзода. Варзишгоҳи “Металлург”. Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s