Сармураббии дастаи “Хайр” аз вазифааш барканор шуд


Юсуф Абдуллоев, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон – “Хайр”-и Ваҳдат, аз вазифааш барканор шуд.

Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Дар ин бора ба дафтари матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонБаҳриддин Мирзоев, сардори дастаи “Хайр”, хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ сабаби аз вазифа сабукдӯш шудани Юсуф Абдуллоевнатоиҷи ғайриқаноатбахши даста дар оғози мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар мебошад.

“Хайр” дар се бозӣ 4 имтиёз ба даст овардааст: як ғалаба (бар “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ бо ҳисоби 2:0), як мусовӣ (бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:1) ва як бохт (ба “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 1:3).

“Хайр” ба бозии навбатӣ, ки рӯзи 12-уми май бо тими меҳмон –  “Энергетик”-и Душанбе баргузор мешавад, таҳти раҳбарииИсроил Идиев, капитан ва иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста, омодагӣ мебинад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s