Пирӯзии «Равшан» бар «Парвоз» бо ҳисоби бузурги 4:0


Рӯзи 9-уми май бозии даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ – «Равшан»-и Кӯлоб ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.

Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб сурат гирифт, бо пирӯзии дастаи мизбон – «Равшан» бо ҳисоби бузурги 4:0 хотима ёфт. Дар ин бозӣНуъмонҷон Ҳакимов ду гол, АбдусамадҲоҷибоев ва Индус Ҳусейнзода якголӣ заданд.

 Ин ғалаба ба дастаи «Равшан» имкон дод, ки бо 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи севум барояд. Бояд зикр намуд, «Равшан» ягона дастаест, ки то ҳоло гол нахӯрдааст. Вале дастаи «Парвоз» баъди ин бохт бо 7 имтиёз як зина поин шуд (5-ум).

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум.
«РАВШАН» – «ПАРВОЗ» – 4:0
Голҳо:  Абдусамад Ҳоҷибоев, 20 (1:0). Нуъмонҷон Ҳакимов, 44 (2:0). Нуъмонҷон Ҳакимов, 47 (3:0). Индус Ҳусейнзода, 78 (4:0).
9-уми май. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 12 000 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» (Душанбе) 4 4 0 0 14-3 12
2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 3 0 0 7-1 9
3. «Равшан» (Кӯлоб) 3 3 0 0 6-0 9
4. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 2 1 1 4-2 7
5. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 5 2 1 2 3-5 7
6. «Энергетик» (Душанбе) 5 1 2 2 3-5 5
7. «Хайр» (Ваҳдат) 3 1 1 1 4-4 4
8. ССКА «Помир» (Душанбе) 4 0 3 1 1-2 3
9. «Истаравшан» (Истаравшан) 4 0 2 2 0-4 2
10. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 5 0 1 4 2-8 1
11. «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ) 4 0 1 3 4-14 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Акуффо ГЕРШОН («Регар-ТадАЗ»), Бахтиёр ҲАКИМОВ («Панҷшер»), Индус ҲУСЕЙНЗОДА ва Нуъмонҷон ҲАКИМОВ (ҳарду – «Равшан»), Муҳаммад ГУЛИПУР («Хуҷанд»), Юҷин СЕПУЙЯ («Истиқлол») – 2-тӯбӣ.

Бозии даври 2-юм
10-уми май (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 17.00
«ИСТАРАВШАН» – «РЕГАР-ТАДАЗ». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

Даври 6-ум
12-уми май (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.00
«ВАХШ» – ССКА «ПОМИР». Қӯрғонтеппаварзишгоҳи«Пахтакор».
«ХАЙР»  «ЭНЕРГЕТИК». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
13-уми май (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.00
«РАВШАН»  «ХУҶАНД». КӯлобВарзишгоҳи марказӣ.
14-уми май (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.00
«ИСТИҚЛОЛ»  «РЕГАР-ТАДАЗ». Душанбе, варзишгоҳи«Авиатор».
«ПАНҶШЕР»  «ПАРВОЗ». Ҷалолиддини Румӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s