“Ҳар чӣ футболи тоҷик аз моли дунё дошт, дод”


Аҷаб баҳори бебароре буд барои футболи тоҷик. Ҳар чӣ доштем дар арсаи байналхалқӣ бохтем. Равшан ва Регар дар Ҷоми АФК иштирок намуданд ва ягон ғалаба ба даст наоварданд. Аз ҳама бадтараш тими мунтахаб аз Қирғизистон шикаст хўрд ва бори аввал дар таърих аз гурўҳаш баромада натавонист.

Афсўс, ки оғози ин мусобиқаҳо ба оғози чемпионати Тоҷикистон рост омад ва намояндаҳои мо ба таври кофӣ ба ин рақобатҳо омода набуданд. Набудани ҳамдигарфаҳмӣ байни бозигарон, аз ҷиҳати физикӣ пурра омода набудан, набудани комбинатсияҳои то автоматӣ тайёршуда, хатогиҳои дағали ҳимоятгарон дар нимаи майдони худ ва ғ. ва ҳ. ва ҳатто баъзан дар ҳолати оддӣ тўбро дошта натавонистани бозигар…

ХАТТИ ҲИМОЯ
Хатти ҳимояи ҳарду дастаи мо дар аввал заиф буд. Дар танҳоӣ ва аз ҷиҳати тактикӣ ба хатоҳои зиёд роҳ медоданд. Дар «муҳорибаҳои тан ба тан» аҳён-аҳён пирўз мешуданд, дар сурати соҳиби тўб шудан ба таври зарурӣ оғозкунандаи ҳуҷуми зуд (контратака) намегардиданд.
Муҳофизони мо дар роҳи росту ҳамвор барои худ ҳар гуна садде месозанд. Тасаввур кунед, дар қафо танҳо дарвозабон асту ба ҳимоятгари соҳиби тўб будаи моро ҳариф ҳуҷум мекунад, фишор меорад. Футболбози мо бошад «корнамоӣ» нишон доданӣ мешавад, ў ҳаракат мекунад ҳарифро фиреб диҳад, вале чун мебинад, ки аз ўҳдаи ин амал намебарояд, маҷбур тўбро ба ҳимоятгари дигаре, ки роҳи ў низ баста шуда истодааст ё ки қафо ба дарвозабон мепартояд. Табиист, ки зери фишори ҳариф ин кор ба осонӣ иҷро карда намешавад ва вазъияти хавфнокро дар назди дарвоза ба амал меоард… Ҳарчанд маълум аст, ки вазифаи ҳимоятгар зудтар аз назди дарвоза бартараф кардани вазъияти хавфноку дур кардани тўб аст, на ҷалби ҳариф.
Чунин хатогӣ борҳо ба нишон гирифта шудани дарвозаи мо оварда расонидааст.

Дар бозии аввали Равшан байни хатти ҳуҷум ва ҳимоя холигӣ пайдо мешуд, ки аз он ҳариф хуб истифода мебурд ва голи аввалин ҳам истифода аз ин хатогии тактикӣ зада шуда буд.
Регар бошад ҳимоятгаронашро чунон ҷойгузорӣ мекард, ки ҳариф дар ҳолати фишор овардан (прессинг) тўбро ба осонӣ мегирифт ва ҳуҷуми хавфнок мекард. Регар голҳои аввалиашро маҳз бар асари ҳамин хатогии тактикиаш сар додааст.
Вале дар бозиҳои минбаъда ин хатогиҳо он қадар ба чашм намезаданд, яъне ҳар ду даста аз хатоҳояшон хулоса бароварда будаанд.

ХАТТИ НИМҲИМОЯ
Бозигарони хатти миёнаи мо гўё мардуми оҳистакор будаанд. Бо гирифтани тўб онҳо ғарқи фикрронӣ мешаванд. Воқеан дар сурати ҳуҷуми ҷавобӣ футболбозони Регар аз зонаҳои холӣ истифода мебурданд, Равшан бошад фақат ба пеш ҳаракат мекард.
Чунин хулоса баровардан мумкин буд, ки ҳуҷумҳои ҷавобии тез (контрҳуҷум) дар арсенали имрўзаи Регар вуҷуд надорад. Аммо бозӣ тариқи канорҳои майдон яроқи асосии Регар аст.

Дар бозии охирони Равшан шоҳид гаштем, ки дар вақти ташкил намудани ҳуҷуми ҷавобӣ бозигарон бештар ба зонаҳои холӣ мерафтанд, ки дар бозиҳои қаблӣ кам ба чашм мерасид.

Аммо бештари футболбозони мо гашту ҳаракати ҳарифро хондаву пешгўӣ карда наметавонанд, аз ин ҷиҳат нишондиҳандаи «рабудани тўби ҳариф» (перехват) яке аз нишондиҳандаҳои пасттарини мо дар тўли мусобиқа буд – гўем, хато нахоҳем кард.

ХАТТИ ҲУҶУМ
Барои муҳҷомони мо ибораҳои таърихии Олимҷон Рафиков ҳанўзам актуалӣ боқӣ мемонанд. Онҳо то ҳол ба «тўби тоза» бозӣ мекунанд. Рости интеллекти муҳоҷимонамон ба қадри кофӣ баланд набуд. Мисол, яке аз муҳоҷими Равшан дар кунҷи майдон бо ҳимоятгарони ҳариф мубориза мебарад. Маълум, ки муборизаи ў оянда надоранд – ҳариф (2 нафара) қавитар аз ўст. Варианти хуб он мебуд, ки аз пои ҳариф тўбро хориҷи майдон созад ва зарбаи кунҷӣ ба дастааш орад, аммо…
Ё муҳоҷими Регар – ў берун аз хатти майдончаи ҷаримавӣ бо муҳофизони Сафо қариб дар як хат қарор дорад. Ин дар ҳоле буд, ки муҳофизон пушт ва муҳоҷим рў ба сўӣ дарвозаи Сафо доштанд. Аз қафо ба самти ў тўб партофта мешавад. Ў метавонист тўбро нигоҳ надошта бо суръат ба майдончаи ҷаримавӣ дохил шавад, то як ба як бо дарвозабон барояд. Не… Ў тўбро нигоҳ дошт, муҳофизон фурсат пайдо карданд зуд вазъиятро баҳо дода ўро зери назорати худ гиранд. Дар натиҷа вай натавонист дохили ҷаримагоҳ шавад ва тўби задааш дуртар аз назди паҳлучўб гузашта, тарки майдон кард.

МУРАББИЁН
Аз ивазнамоии бозигарон мураббии Регар ба бозӣ ҳусни нав медаровард. Алалхусус баъди танаффус бозии Регар якбора хуб мешуд. Онҳо бо суръати нав пеш мерафтанд, вале дар охир ё корашон омад намекард ё бахт ба рўяшон дар намекушод.
Дар бозиҳои қаблӣ ивазнамоии бозигарони Равшан сурати бозиро онқадар дигар намекаранд. Бозигарони нав даромада тахминан дар ҳамон ҷойҳои ивазшуда бозӣ мекарданд. Ҳарчанд аз ин суръати бозӣ тез шавад сурати бозӣ қариб бетағйир мемонд. Аммо дар вохўрии охирон ивазнамоии бозигарон Равшан дигаргуниҳои ҷиддӣ ба майдон овард.

Давронҷон Тўхтасунови Равшан нишон дод, ки аслан бо як нафар муҳоҷими номиналӣ бозӣ кардан мумкин аст ва ҳатто аз он метавон фоидаи бештар ба даст овард («Равшан»-«Ал-Шорта», баъди иваз шудани муҳоҷимон Тўхтасунов ба танҳоӣ ба пеш баромад).
Воқеан, дар рафти бозӣ ҷойҳояшонро ивазкардани бозигарони майдон барои ҳариф нофаҳмиҳо эҷод мекунад. Тўхтасунов, ки нимҳимоятгари канори рост буд як муддат ҷояшро иваз намуд. Ў ба канори чап ва мобайн рафт. Ин тағйирот яке аз сабаби тезу тунд гардидани ҳуҷумҳои Равшан шуд. Дар натиҷа Равшан ба Ал-Шорта гол зад, ки муаллифи он маҳз худи Давронҷон Тўхтасунов мебошад.
Дар ин бозиҳо дигар лаҳзаҳое буданд, ки ҳунари хуб доштани бозигарони моро нишон медоданд. Мисол – бозигари Регар бо усули зиданӣ аз ду нафар ҳимоятгар гузашта ба майдончаи ҷаримавии ҳариф дохил шуда зарба зад… Ё ҳимоятгари Регар фирефтаи ҳаракати криштианороналдугии муҳоҷими вориди майдончаи ҷаримавигашта нашуд ва тавонист вазъияти хавфнокро бартараф созад. Соломон аз Равшан – ногаҳон аз паси ҳариф пайдо мешуд ва тўбро аз ў мерабуд дар натиҷа ҳуҷумҳои тезу хавфноки Равшан оғоз мешуданд.

ФАРАНГИҲО
Аз фарангиҳо ҳунарнамоии Соломони Равшан шоистаи таҳсин аст. Ба ҳар ҳол Равшан метавонист аз ў фоидаи хеле бештар ба даст орад.
Ҳимоятгар Давид Мавутор (Равшан) гарчанде дар аввал ба хатогӣ роҳ дода бошад ҳам (бозии охиронро дар назар дорем), дигар дар хатти дифоъ хеле фаъол буд. Ў як элементи воқеан аҷибро нишон дод. Вақте тўбро мегирад, бидуни иштироки хатти нимҳимоя тўбро рост ба хатти ҳуҷум мепартояд, ки он тавлидгари ҳуҷуми тези Равшан мегардид. Ростӣ ин элемент ҳанўз аз тарафи Равшан пурра аз худ нашудааст, вагарна метавонад яроқи махсуси Равшан бошад. Ба ҳар ҳол ҳарифони минбаъда (тимҳои Тоҷикистонӣ)-ро зарур аст, то ин амали Равшанро аз мадди назар дур надоранд.
Дар бораи фарангиёни Регар метавон фақат як чиро қайд кард – онҳо ҷои тоҷиконро банд кардаанд.

ХУЛОСА
Оғози ин мусобиқаи байналхалқӣ барои мо онқадар бад набуд. Регар дар сафар як хол гирифту Равшан бо ҳисоби минималӣ бозияшро бохт. Вале афсўс бозиҳои оянда барои дастаҳои Тоҷикистон бобарор набуданд. Ба дурусти ки бозӣ аз бозӣ футболбозони мо хубтар ҳунарнамоӣ мекарданд, хатогиҳояшон нисбатан камтар мешуд. Аммо бояд иқрор шуд, ки дар ин бозиҳо тимҳои мо бартарии комилан надоштанд. Новобаста аз ин нокомиҳо мо гуфта наметавонем, ки дар пеши ҳарифон футболбозони мо онқадар беҳунар буданд, не – асло не. Ба мо фақат таҷриба намерасид, ҷойҳое буданд, ки бахт ба рўи мо дарашро боз намекард…
Дар нишасти матбуотие Ҳабибуллоев – мураббии Регар гуфт, ки имрўз ягон тими мо – на Регар, на Равшан ва на Истиқлол ба ин мусобиқаҳо (Ҷоми АФК) омода нестанд.
Дар нишасти матбуотии охир аз мураббии Равшан суол карданд, ки шояд минбаъд ҷои мо дар мусобиқаҳои Ҷоми Президенти АФК бошад? Ў изҳор кард, ки чунин намеҳисобад ва иштирок дар ин мусобиқаҳо (Ҷоми АФК) мо метавонем таҷрибаи бештар гирем ва дар мусобиқаҳои минбаъда (кадом тиме аз мо набошад) хубтар баромад хоҳем кард.

/TjkBakh/

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s