Бозигари “Регар” як сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум шуд


Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон як бозигари дастаи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро ба муддати як сол аз бозӣ маҳрум кард.

Сафаралӣ Каримов , ҳимоятгари бошгоҳи футболи лигаи олӣ –  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, бо қарори кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар ҳамаи мусобиқоте, ки ФФТ баргузор мекунад, ба муддати як сол маҳрум карда, ба маблағи 5000 сомонӣ ҷарима шуд.

Ин тасмим имрӯз, 13-уми май дар ҷаласаи ин кумита дар ҳаққи ин футболбоз гирифта шуд. Сафаралӣ Каримов дар бозии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истаравшан» ва «Регар-ТадАЗ» (10-уми май) байрақчаи ёвари сардоварро кашида гирифта, бо он ба шиками ӯ задааст.

Инчунин дар ин ҷаласа бозигарони дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум барои вайрон кардани Кодекси ахлоқи ФФТ муҷозот шуданд.

Чунончи, бозигари «Истаравшан» Улуғбек Абдулҳаев ва бозигари «Вахш» Хуршед Раҳимов аз 1 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 300 сомонӣ, бозигари «Регар-ТадАЗ» Фабритсио Фрейтас аз 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ, бозигари ССКА «Помир» Фуруғ Қодиров ва бозигари «Вахш» Саидхони Амрохон аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима андохта шуданд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s