Бохти мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон ба дастаи Кувайт


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Кувайт ду бозии дӯстона анҷом дод.

Футболбозони ҷавони тоҷик бо роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар шаҳри Ал-Кувайт рӯзи 11-уми май бо дастаи мунтахаби ҷавонони Кувайт бозии дувуми дӯстона карданд, ки он бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки бозии авали дӯстона 9-уми май бо дастаи мунтахаби ҷавонони Кувайт бо ҳисоби 0:0 ба охир расида буд.Имрӯз, 13-уми май дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон  ба Ватан бармегардад.

Бозии дувуми дӯстона
Кувайт (U-19) – Тоҷикистон – (U-19) – 2:0

Тоҷикистон: Эмомалӣ Сониев (Дилшод Дадобоев, 46), Анвар Ҳамроқулов, Самандари Хайриддин (Алишер Ҷӯраев, 75), Фирдавс Чақалов (капитан), Дилшод Расулов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 46), Ҷаҳонгир Алиев (Додохон Муъминов, 55), Муҳсинҷон Парпиев (Вайсиддин Сафаров, 46), Сиёвуш Муҳсинов (Суннатулло Холов, 75), Зокир Иброҳимов, Комрон Турсунов, Салимҷон Умуров (Зайниддин Сафаров, 77).

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s