Истеъфои боз як мураббӣ. Ин бор аз ССКА “Помир”


Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон – ССКА “Помир”-и Душанбе, аз вазифааш истеъфо дод. 

Дар ин бора ба дафтари матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонХабир Давлатов, сардори дастаи ССКА “Помир”, хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, Ҳусейн Шодиев бо хоҳиши худ аризаи истеъфо навиштааст.

Ёдовар мешавем, ки дар даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ССКА “Помир” дар меҳмонӣ аз дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд. Ба гуфтаи Хабир Давлатов, инчунин, бошгоҳи футболи ССКА “Помир” тасмим гирифт, ки аз хидмати Зоир Бобоев ба ҳайси мураббии мушовир низ даст кашад.

ССКА “Помир” дар 5 бозии аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 3 бозиро мусовӣ анҷом дода, дар ду бозии дигар шикаст хӯрдааст ва ҳоло бо ҳамагӣ 3 имтиёз дар байни 11 даста дар мақоми 9-ум қарор дорад.

ССКА “Помир” ба бозии навбатӣ, ки рӯзи 18-уми май бо тими меҳмон – “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ баргузор мешавад, таҳти раҳбарии Раҳматулло Фузайлов, капитан ва муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста, омодагӣ мебинад.

Бояд тазаккур дод, ки ин дувумин истеъфои сармураббии дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими имсола мебошад. Ҳафтаи гузашта Юсуф Абдуллоев, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон – “Хайр”-и Ваҳдат низ ба далели “натиҷаҳои ғайриқаноатбахши дастааш” барканор шуда буд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s