«Истиқлол» «Регар»-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод


Рӯзи 14-уми май бозии даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол” бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби бузурги 4:1ғалаба кард.

Рӯзи 14-уми май бозии даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор шуд.

Ин аввалин бозӣ буд, ки дар майдони нави сунъии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 3000 тамошогар барпо гардид ва бо пирӯзии дастаи мизбон – «Истиқлол» бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт.

Дарвоқеъ, майдони бузурги футбол бо рӯпӯши сунъӣ аз рӯи барномаи «Гол-2»-и Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ба маблағи беш аз 450 ҳазор доллари ИМА бунёд ёфтааст ва алъон дар Тоҷикистон ягона мебошад.

Дар ин бозӣ Наим Улмасов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кард. Комил Саидов, ҳамлагари меҳмонон, дар дақиқаи 43-юм ҳисобро баробар намуд. Се голи дигари «Истиқлол»-ро дар нимаи дувуми дидор Юҷин Сепуйя, легионер аз Уганда, дар дақиқаи 60-ум,Дилшод Восиев, капитан ва беҳтарин нишонзани мусобиқа, дар дақиқаи 65-ум ва Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 82-юм ба ҳадаф расонданд.

Рӯзи сешанбе дар  бозии охирини даври 6-ум дастаи  «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ дар майдони худ аз тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон поён ёфт. Тӯбро дар дақиқаи 37-ум Наимҷон  Каримов ба ҳадаф расонд. Вале дар нимаи дувум футболбозони «Парвоз» Сӯҳроб Эгамбердиев дар дақиқаи 55-ум ва Илҳом Мирзоев дар дақиқаи 81-ум ба дарвозаи «Панҷшер» ду гол зада, бозиро ба фоидаи худ анҷом доданд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар ҳамаи 5 бозӣ пирӯз шудааст, бо 15 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Ду даста – «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 12-имтиёзӣ ба даст овардаанд, вале «Равшан» як бозӣ камтар кардааст. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Равшан» дар зинаи дувум ва «Регар-ТадАЗ» дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

14-уми май (сешанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 4-1. Голҳо: Наим Улмасов, 7 (1:0),Комил Саидов, 43 (1:1), Юҷин Сепуйя, 60 (2:1), Дилшод Восиев, 65 (3:1), Ҷаҳонгир Эргашев, 82 (4:1).
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3000 тамошогар.

«ПАНҶШЕР» – «ПАРВОЗ» – 1:2. Голҳо: Наимҷон Каримов, 37 (1:0), Сӯҳроб Эгамбердиев, 55 (1:1), Илҳом Мирзоев, 81 (1:2).
Ҷалолиддини Румӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3000 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 5 0 0 18-4 15
2 «Равшан» (Кӯлоб) 4 4 0 0 8-1 12
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 4 0 1 11-7 12
4 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 6 3 1 2 5-6 10
5 «Хайр» (Ваҳдат) 4 2 1 1 6-5 7
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 2 1 2 5-4 7
7 «Энергетик» (Душанбе) 6 1 2 3 4-7 5
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 6 1 1 4 3-8 4
9 ССКА «Помир» (Душанбе) 5 0 3 2 1-3 3
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 5 0 2 3 2-7 2
11 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ) 5 0 1 4 5-16 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Юҷин СЕПУЙЯ («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Даври 7-ум
Оғози бозиҳо – соати 17.00
17-уми май (якшанбе)
«Истаравшан» – «Равшан». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
18-уми май (шанбе)
«Регар-ТадАЗ» – «Хайр». Турсунзода, варзишгоҳи “Металлург”.
ССКА «Помир» – «Панҷшер». Душанбе, варзишгоҳи КМВА.
«Хуҷанд» – «Вахш». Хуҷанд, варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.
19-уми май (якшанбе)
«Парвоз» – «Истиқлол». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи “Фурудгоҳ”.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s