Бозигари “Панҷшер” як сол аз бозӣ маҳрум шуд


Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон як бозигари дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румиро барои як сол аз бозӣ маҳрум кард.

Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Равшан Азизов, бозигари бошгоҳи футболи лигаи олӣ – «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ, бо қарори кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар ҳамаи мусобиқоте, ки ФФТ баргузор мекунад, ба муддати як сол маҳрум карда, ба маблағи 3000 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

 Ин тасмим рӯзи 16-уми май дар ҷаласаи ин кумита дар ҳаққи ин футболбоз гирифта шуд. Равшан Азизов дар бозии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ) ва «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров, 14-уми май) ба сардовари бозӣ зарба задааст.

Инчунин барои вайрон кардани моддаҳои Кодекси ахлоқ бозигари дастаи “Панҷшер” Фирӯз Қараев аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ ва ба маблағи 300 сомонӣ, Ҷамшед Акбаров, мураббии дастаи “Панҷшер”, аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ ва ба маблағи 1000 сомонӣ, бозигари “Панҷшер”Хуршед Раҳимов аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ ва ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s