Девид Бекҳом бознишаста мешавад


ББС Тоҷикӣ

Девид Бекҳом, копитони собиқи тими миллии Инглистон ва бозикуни фаъоли “Порӣ Сенжермен” дар интиҳои фасл бознишаста хоҳад шуд.

Ин бозикуни 38 сола дар моҳи январ қарордоди 5 моҳа бо бошгоҳи “Порӣ Сенжермен” имзоъ кард ва тамоми ҳуқуқи панҷмоҳаи худ аз ин қарордодро ба созмонҳои хайрия бахшид.

Бекҳом 115 бозии миллӣ барои тими миллии Инглистон ва 394 бозӣ барои Манчестер Юнойтед анҷом додааст.

Ин бозигар дар тули даврони футболи худ муваффақ шуда, шаш қаҳрамонӣ дар Лиги бартар ва як қаҳрамонӣ дар Лиги қаҳрамонони Урупо касб кунад.

Ӯ дар бораи тасмими бознишастагии худ гуфтааст: “Ман аз Пори Сенжермен муташакирам, ки ин фурсатро барои ман фароҳам кардаанд, ки дар ин тим ба бозӣ идома диҳам. Аммо фикр мекунам акнун ва дар авҷи даврони футбол беҳтарин замон барои поёни даврони футболи ҳирфаии ман ба унвони бозикун аст.”

Бекҳом, ки ҳафтае пеш ҳамроҳ бо “Пори-Сенжермен” қаҳрамони Лиги яки Фаронса шуд, 19 ҷоми дигарро ба ҳамроҳи тимҳои дигар болои сар бардошт.

Ин бозикуни собиқи “Реол Модрид” дар тули даврони 20-солаи футболаш 10 қаҳрамонии бошгоҳӣ бо тимҳои мухталиф ба даст овард.

Бекҳом дар бораи даврони футболи худ гуфт: “Вақте, ки писарбача будам агар касе ба ман мегуфт, ки ту барои “Манчестер Юнойтед” бози мекунӣ ва бо ин тим ҷом мебарӣ, копитони тими миллии кишварат хоҳӣ шуд ва беш аз 100 бозии миллӣ барои он анҷом хоҳӣ дод ва барои бисёре аз бошгоҳҳои бузурги дунё бози хоҳӣ кард ман ба ӯ мегуфтам, ки ҳамаи инҳо як руё аст. Ман хушбахт будам, ки ин руёҳо ба ҳақиқат табдил шуд.”

Девид Бекҳом дар соли 2003 ба “Риёл Модрид” пайваст ва бо ин тим дар соли 2007 қаҳрамони Ло-Лиго шуд ва пас аз ин ба “Ел Эй Голоксӣ” дар Лус Онҷелес рафт.

Ин ҳофбек аввалин бозии худ барои тими Ингилистон муқобили Мулдовӣ анҷом дод ва дар фосилаи байни солҳои 2000 то 2004 копитони тими миллии Ингилистон буд.

Ӯ дар бораи даврони бозии худ дар тими миллии Ингилистон гуфтааст: “Дар ин рӯз яке аз бузургтарин дастовардҳои ман копитонии тими миллии кишварам аст ва тамоми лаҳазоте, ки бозубанди копитониро ба бозу мебастамро ба ёд дорам”

Девид Бекҳом дар моҳи марти 2013 аввалин варзишкори ғайричинӣ буд, ки аз сӯи давлати Чин ба унвони сафири варзиш интихоб шуд.

Ӯ дар бораи идомаи зиндагиаш пас аз футбол гуфтааст: “Ҳеҷ чизи дигар наметавонад ҷойгузини ишқи футбол бозӣ кардан барои ман шавад. Дар ҳар ҳол ҳис мекунам таҷрибаи ҷадидеро дар зиндагӣ оғоз кардаам ва дар бораи ин ки чи чизе дар интизорам аст ҳаяҷонзадаам. Ман хушшонс будам, ки дар даврони футболам фурсатҳои муттаъадиде ба даст овардам ва дар ҳоли ҳозир фикр мекунам замони он аст, ки ин фурсатҳоро ҷуброн кунам.”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s