Пирӯзии “Равшан” бар “Истаравшан” дар меҳмонӣ бо ҳисоби 3:1


Даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи 17-уми май бо бозӣ миёни дастаҳои лигаи олӣ – «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Равшан»-и Кӯлоб шурӯъ шуд.

Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ

Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо ҳузури 7000 тамошогар барпо гардид, бо пирӯзии дастаи меҳмон – “Равшан” бо ҳисоби 3:1  хотима ёфт. 

Соломон Течи, легионери африқоии “Равшан”аз Гана, дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 28-ум ҳисобро боз кард. Ду голи дигари меҳмононро дар нимаи дувуми дидор Нуъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 57-ум ва Бахтиёр Ҳасанов дар дақиқаи 74-ум ба ҳадаф расонданд. Як голи мизбононро Абдураззоқ Ғайратов дар дақиқаи 90+2 зад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Истиқлол”и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар ҳамаи 5 бозӣ ғалаба кардаанд, бо 15-имтиёзӣ пешсафанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷойи аввал ва “Равшан”дар ҷойи дувум қарор доранд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 12 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Се бозии дигари даври ҳафтуми мусобиқот рӯзи шанбе, 18-уми май барпо мегардад. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бо “Хайр”-и Ваҳдат, ССКА “Помир”-и Душанбе бо “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа рақобат мекунанд.

Бозии охирини даври ҳафтум байни дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе рӯзи якшанбе, 19-уми май дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум

17-уми май, ҷумъа.
«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – «РАВШАН» (Кӯлоб) – 1:3 . Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Голҳо:  Соломон Течи , 28 (1:0), Нуъмонҷон Ҳакимов, 57 (2:0), Бахтиёр Ҳасанов, 74 (3:0), Абдураззоқ Ғайратов, 90+2 (3:1). 
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошогар.

18-уми май, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 17.00
«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) – «ХАЙР» (Ваҳдат). Турсунзода, варзишгоҳи “Металлург”. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – «ПАНҶШЕР» (Ҷалолиддини Румӣ). Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) – «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”. Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода).

19-уми май, якшанбе. Оғози бозӣ – соати 17.00
«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) – «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Б. Ғафуров, варзишгоҳи “Фурудгоҳ”. Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой          Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» (Душанбе) 5 5 0 0 18-4 15
2. «Равшан» (Кӯлоб) 5 5 0 0 112 15
3. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 4 0 1 11-7 12
4. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 6 3 1 2 5-6 10
5. «Хайр» (Ваҳдат) 4 2 1 1 6-5 7
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 2 1 2 5-4 7
7. «Энергетик» (Душанбе) 6 1 2 3 4-7 5
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 6 1 1 4 3-8 4
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 5 0 3 2 1-3 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 6 0 2 4 3-10 2
11. «Панҷшер» (Румӣ) 5 0 1 4 5-16 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 6 тӯб, Комил Саидов («Регар-   ТадАЗ»), Юҷин Сепуйя («Истиқлол»), Нуъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) – 3-тӯбӣ.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s