Натиҷаҳои даври 7-ум


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ин бозии охирини даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ – “Парвоз”  ва “Истиқлол» рӯзи якшанбе, 19-уми май дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.

Ҳарду гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Нимҳимоятгар Дилшод Восиев, капитани «Истиқлол» ва беҳтарин голзани мусобиқот, дар дақиқаи 56-ум тӯбро аз масофаи наздик ба дарвозаи мизбонон равон карда, ҳисобро кушод. Голи дувуми меҳмононро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 70-ум зад. Вай бо дарвозабони «Парвоз» Саидҷон Саидраҳмонов як ба як баромада, ӯро фиреб дод ва маҷбур кард, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 4-уми бозӣ ҳамлагар Юҷин Сепуйя, легионери африқоии «Истиқлол» аз Уганда, дар ҷаримагоҳи мизбонон бо рақибаш   Комрони Мирзохон бархӯрд ва дар натиҷа ҷароҳати сахт бардошт. Вайро бо мошини «ёрии таъҷилӣ» ба беморхона бурданд. Сардовари бозӣ Парвиз Муртазоев ба бозигари «Парвоз» Комрони Мирзохон корти сурх нишон дод ва ӯ дар дақиқаи 8-ум аз майдон хориҷ шуд. Дар ҳайати «Истиқлол» ба ҷойи Юҷин Сепуйя ба майдон Ҷаҳонгир Эргашев омад.

Ёдовар мешавем, ки даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи 17-уми май бо бозӣ миёни дастаҳои лигаи олӣ – «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Равшан»-и Кӯлоб шурӯъ шуд. Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо ҳузури 7000 тамошогар барпо гардид, бо пирӯзии дастаи меҳмон – “Равшан” бо ҳисоби 3-1  хотима ёфт.

Соломон Течи, легионери африқоии “Равшан”аз Гана, дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 28-ум ҳисобро боз кард. Ду голи дигари меҳмононро дар нимаи дувуми дидор Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 57-ум ваБахтиёр Ҳасанов дар дақиқаи 74-ум ба ҳадаф расонданд. Як голи мизбононро Ғайрат Абдураззоқов, легионери узбакистонии «Истаравшан»,  дар дақиқаи 90+2 зад.

Ду бозии дигари даври ҳафтум миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода –  “Хайр”-и Ваҳдат ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд – “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бидуни гол, бо ҳисоби мусовии 0-0 анҷом ёфт.

Вале бозии ССКА “Помир”-и Душанбе бо “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ баргузор нашуд. Бар асоси низомномаи мусобиқот дастаи меҳмон – “Панҷшер”, ки ба ин бозӣ ҳозир нагашт, бо ҳисобии техникии 0-3 мағлуб ва дастаи мизбон – ССКА «Помир» бо ҳисобии техникии 3-0 ғолиб дониста мешавад.

Ба иттилои масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон(ФФТ), дастаи нави лигаи олӣ аз идомаи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон даст кашидааст. Ин масъала рӯзҳои наздик дар ФФТ баррасӣ мешавад. Дар мавриди аз мусобиқаи лигаи олӣ ба таври расмӣ хориҷ кардани “Панҷшер” натоиҷи бозиҳояш бекор карда мешавад, зеро ки даста аз нисф ками бозиҳоро анҷом додааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ҳамаи 6 бозӣ ғалаба кардааст, бо 18 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Равшан”-и Кӯлоб, ки нисбат ба рақиби аслиаш як бозӣ камтар кардааст, бо 15  имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 13 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум
17-уми май, ҷумъа.

«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) – «РАВШАН» (Кӯлоб) – 1-3. Голҳо:  Соломон Течи , 28 (1:0), Нуъмонҷон Ҳакимов, 57 (2:0), Бахтиёр Ҳасанов, 74 (3:0), Ғайрат Абдураззоқов, 90+2 (3:1).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошогар.

18-уми май, шанбе.
«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) – «ХАЙР» (Ваҳдат) – 0-0.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Турсунзода, варзишгоҳи “Металлург”.

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) – «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) – 0-0.
Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода).
Хуҷанд, варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – «ПАНҶШЕР» (Ҷалолиддини Румӣ) – 3-0 (техникӣ).

19-уми май, якшанбе.

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) – «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) – 0:2.Голҳо: Дилшод Восиев, 56 (0:1), Ҷаҳонгир Эргашев, 70 (0:2).
Комрони Мирзохон («Парвоз») дар дақиқаи 8-ум корти сурх гирифт ва аз майдон хориҷ шуд.
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Бобоҷон  Ғафуров, варзишгоҳи “Фурудгоҳ”.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой          Дастаҳо                      Б Ғ М Б   Т   И

Ҷой          Дастаҳо Б Ғ М Б    Т И
1. «Истиқлол» (Душанбе) 6 6 0 0 20-4 18
2. «Равшан» (Кӯлоб) 5 5 0 0 11-2 15
3. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 4 1 1 11-7 13
4. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 7 3 1 3 5-8 10
5. «Хайр» (Ваҳдат) 5 2 2 1 6-5 8
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 6 2 2 2 5-4 8
7. ССКА «Помир» (Душанбе) 6 1 3 2 4-3 6
8. «Энергетик» (Душанбе) 6 1 2 3 4-7 5
9. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 7 1 2 4 3-8 5
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 6 0 2 4 3-10 2
11. «Панҷшер» (Румӣ) 6 0 1 5 5-19 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Юҷин Сепуйя («Истиқлол»), Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) – 3-тӯбӣ.

Бозии даври 1-ум

22-уми май (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.00

«ХАЙР» – «РАВШАН». Ваҳдат, варзишгоҳи  «Хайр».

Даври 8-ум

25-уми май (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.00

«Вахш» – «Истаравшан». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
«Энергетик» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».

26-уми май (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.00

«Хайр» – «Парвоз». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
«Панҷшер» – «Хуҷанд» . Ин бозӣ доир намешавад.
«Истиқлол» – ССКА «Помир». Душанбе, майдони сунъии  Варзишгоҳи марказӣ.

One thought on “Натиҷаҳои даври 7-ум

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s