Қомати футболи тоҷик кай рост хоҳад шуд?


Як хонандаи Озодӣ ва мухлиси ашаддии футбол ҳамаро ба баҳси роҳҳҳои рушди футболи тоҷик даъват мекунад. Ба ин баҳс ҳамроҳ шавед!

Ин шарҳи як мухлиси футбол аз шаҳри Қӯрғонтеппа бо номи Шамс аст дар поварақаи матлаби «Истиқлол» – «Регар» 4:1». Аммо изҳори назарҳои Шамс, ҳарчанд нигоҳи шахсии ӯст, нуктаҳое дорад, ки бархе мушкилоти футболи имрӯзаи Тоҷикистонро матраҳ мекунад. Бо нашри ин матлаб мо мухлисони футбол ва ҳам масъулони Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва дастаҳои футболи кишварро ба баҳс даъват мекунем, ки оё чӣ бояд кард, ки қомати футболи тоҷик билохира рост шавад ва футболи мо ҳадди ақал ба сатҳе барояд, ки  “Помир”-и Душанбе дар миқёси Шӯравӣ ноил шуда буд? Ва ин ҳам матлаби Шамс аз Қӯрғонтеппа: 

“Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ” 100 дарсад нисбат ба сардовар Раҳмон Муртазоев дуруст мегӯяд. Як чиро мушоҳида кунед, фақат бозиҳои дастаи “Истиқлол”-ро Раҳмон Муртазоев доварӣ мекунад. Албатта, ин барои дастаи “Истиқлол” дар чемпионати дохилӣ хеле хуб аст, лекин ба фоидаи футболи тоҷик нест.

Барои мухлисони футбол ва сармураббиёну мураббиёни бисёр дастаҳо гуфтаниам, ки агар мабодо дастаи “Истиқлол” раваду имсол чемпион шавад, дар соли ояндаи 2014 боз дар бозиҳои Ҷоми даъвати Иттиҳодияи футболи Осиё (AFC challenge Cup) иштирок мекунад, ки дар онҷо дастаҳои “мурдагӣ” аз Камбоҷа, Покистон, Макао ва ҳоказо баромад мекунанд, ки ин  боз як зина поён аст нисбат ба он бозиҳое, ки дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” дар Ҷоми ин Иттиҳодия (AFC CUP) иштирок карда буданд. Ана акнун, мухлисони азизи ман, худатон хулоса бароред, ки кадом вақт ва кадом сол дастаи “Истиқлол” мехоҳад чемпиони Тоҷикистон шавад ва кадом сол – НЕ!

Ва мебинед, ки боз Эмомалӣ Раҳмон рафта, аз минбар бозиҳои дастаи “Истиқлол”-ро дар Ҷоми даъвати AFC тамошо кард. А, дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-у “Равшан” худе ки аз қафои модар омада бошанд!? Бо ин рафтор футболи тоҷик ҳеҷ вақт пеш намеравад.

Илова карданиам, ки дар бозиҳои байни дастаҳо дар ҷои аввал Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё (AFC champions league) меистад, ки аз байни дастаҳои Тоҷикистон дар муддати 10-11 сол ягонтоаш иштирок кардагӣ нестанд. Дар ҷои дуюм AFC Cup меистад, ки якумин маротиба имсол  “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” иштирок карданд. Дар ҷои сеюм  AFC Challenge Cup меистад, ки дар инҷо дастаҳои “Регар-ТадАЗ”, “Вахш” ва “Истиқлол” баромад кардагианд.

Ҳамсояамон – дастаҳои футболи Узбакистон – фақат дар AFC Champions League иштирок мекунанд. Мо бошем, шарм накарда, таъриф мекунем, ки Тоҷикистон дар рейтинги FIFA яку якбора 40(аз 152-юм ба 112-ум) боло баромад, гуфта, худамонро намешиносем ва мухлисони футболро фиреб дода гаштем.  Қирғизҳо дар ҳамон моҳ яку якбора 59 зина (аз 201 ба 142-юм) боло баромаданд, ҳеҷ дағдаға накарданд-ку? Узбакҳо дар рейтинги AFC дар ҷои  5-ум ва дар рейтинги FIFA дар ҷои 66-ум қарор доранд. Ва боз ҷонканӣ доранд, ки ба бозиҳои финалии Ҷоми ҷаҳон – 2014 дар Бразилия роҳхат гиранд! Мо бошем чӣ….???

Акнун худатон хулоса бароред, мухлисони азиз ва тренерҳо. Агар ягончӣ нофаҳмо бошад, пурсед, боз менависам. Фақат ҳаминро мехоҳам, вақте ки ҳақиқатро менависӣ, бояд ҳатман Радиои Озодӣ  чоп кунад, на инки дар ҳарос монад. Ҳақиқат ҳамин аст. Озодӣ, пурра чоп кунед, ин ҳам ба фоидаи бисёре аз сармураббиёну мураббиёни дастаҳоямон, ҳам ба фоидаи футболи тоҷик мешавад. Шояд ки дар оянда ба як хулосаи дуруст меоянд. Мухлисони футбол ҳам хурсанд мешаванд. Ман ҳам фарзанди ҳамин миллат ва мухлиси ашаддии футбол ҳастам.

Шамс аз Қӯрғонтеппа

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s