Бозии Тоҷикистону Филиппин дертар баргузор мешавад


Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Филиппин ба муҳлати дертар гузаронида шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ин бозӣ ки мебоист рӯзи 11-уми июн дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор мешуд, бо хоҳиши Федератсияи футболи Филиппин ба вақти дигар мононда шуд.

Мунтахаби Филиппин мебоист пас аз бозии дӯстонааш рӯзи 8-уми июн бо дастаи миллии Қирғизистон аз Бишкек ба Тоҷикистон  меомад. Вале бо сабаби дигар шудани нақшаҳои мунтахаби Филиппин ин бозӣ ҳам барпо намегардад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4-уми июн соати 17 дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии  футболи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор хоҳад шуд.

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s